Эрон 11 тонна урани ғанишударо ба Русия фиристод

Декабрь 29, 2015 06:26

Душанбе, 29.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Эрон  дар  асоси   созишномаи  оид ба барномаи  ҳастаиаш  рӯзи  душанбе  киштии дорои   тақрибан 11,3  тонна урани  нисфғанишударо  ба  Русия  фиристод. 
«Бор  тамоми  маводи  ҳастаии то  20  фоиз  ғанигардонидашудаи  Эронро, ки  аз ҷумлаи  унсурҳои  сӯзишворӣ  барои реактори тадқиқотӣ  воқеъ дар  Теҳрон   ба  шумор  намеравад,  дар  бар  мегирад», — гуфта  мешавад дар  ҳуҷҷат. 
«Интиқоли  ҳамаи  маводи ғанигардонидашуда  аз  Эрон қадами  муҳиме  дар  роҳи уҳдадориҳояшро  ба ҷо  овардани Эрон  аст, ки  мутобиқи он ҳуқуқи аз  300  килограмм бештар доштани урани  нисфғанишударо надорад», — хотирнишон мегардад дар  изҳорот. 
Созишнома дар  бораи  ҳалли  мушкилоти ҳастаии  Эрон  14 июл  дар  шаҳри  Вена миёни  Эрон  ва  «шашгонаи» миёнаравони  байналмилалӣ (панҷ  аъзои  доимии  Шӯрои Амнияти  СММ  ва  Олмон) ба  имзо  расида буд. Созишнома  бояд  хусусияти  хос  сулҳомез  доштани  барномаи  ҳастаии  Эрон  бар  ивази  аз  Теҳрон  лағв  намудани  ҳамаи  таҳримоти   байналмилалию   якҷонибаро   кафолат  диҳад.

 

Декабрь 29, 2015 06:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид