Ф. Баротзода: Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки баъзе масъалаҳо таҷдиди назар карда шаванд

Декабрь 3, 2015 10:58

Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Масъалаи никоҳи хешутаборӣ ва гузаштан аз ташхиси тиббӣ пеш аз хонадоршавӣ масъалаест, ки солҳои охир зиёд мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтааст. Барои ҳалли ин мушкилот ба номи  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ аз мардум бисёр  арзу шикоятҳо ворид шудаанд, ки ҳадаф  пешгирӣ аз сирояти ноогоҳонаи бемориҳои вазнини гузаранда, аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан (СПИД) ба ҷавонони навхонадор аз ҳамдигар мебошад.

Дар ин масъала андешаи духтурон  ба ҳама маълум буда, кормандони соҳаи тиб ин пешниҳодҳоро ба манфиати на танҳо навхонадорон, балки тамоми ҷомеа меҳисобанд. Имрӯз андешаи директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Файзулло Баротзодаро нисбат ба ин масъала аз нигоҳи ислом пешкаши хонандагон менамоем. 

«Ховар»: Мехостем  андешаи Шуморо ҳамчун ходими дин дар мавриди никоҳҳои хешутаборӣ  ва гузаштани ташхиси тиббӣ пеш аз никоҳ бифаҳмем.

Ф. Баротзода: Дарвоқеъ, никоҳҳои хешутаборӣ ва барпои оила аз ҳисоби хешони наздик дар ҷомеаи шаҳрвандии мо як хусусияти номатлуб касб кардааст. Тибқи далолати оятҳои қуръонӣ як теъдоди муайяни хешовандоне ҳастанд, ки фармудаҳои Қуръон никоҳи хешовандӣ барпо намудан бо онҳоро иҷозат додааст. Вале ин маънои онро надорад, ки ин фармуда хусусияти иҷборӣ ва маҷбурӣ дорад.  Вақте ин масъала таҳлилу баррасӣ мешавад, бояд аз дастовардҳо ва пешрафти техника ва технология, ки дар ибтидои асри 21 дастраси мардум гардидаанд, муҳокимаронӣ кунем. Мо ҳуқуқи маънавию мантиқӣ надорем, ки дар доираи ҷаҳонбиниҳои қарни 7- ум ин масъаларо имрӯз баррасӣ намуда, дар зиндагии имрӯзаи шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқи бечуну чарои онро тақозо намоем. Бояд гуфт, ки роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи фармудаҳо ва аҳкоми қуръонӣ ҳеҷ назари ихтилоф надоранд. Вале рушди имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки баъзе масъалаҳо таҷдиди назар карда шаванд. Дар теъдоди  бузурги аҳодиси набавӣ ва фармудаҳои дигар халифаҳову авлиёву машоихи дини ислом низ дар асрҳои минбаъда таъкид гардидааст, ки беҳтар бошад никоҳи фарзандони худро бо бегонагон  барпо кунед, зеро аз никоҳи бегонагон фарзандони зебо ва солим таваллуд мешаванд.             Дар ҷомеаи имрӯзаи мо, ки муҳоҷирати меҳнатӣ раванди васеъ касб кардааст, худи амният ва сатҳи зиндагии ҳар як шахс тақозо мекунад, ки ӯ барои зери хатар нагузоштани саломатии худ тамоми чораҳои зарурии амниятӣ ва тандурустиро дар муносибати худ риоя кунад. Зарурати ташхиси тиббӣ бояд талаботи одии ҳар як шахсе, ки ба ҳаёти мустақилона қадам мемонад, бошад.

Имрӯз  сатҳи саломатии инсон ба масъалаи калидӣ табдил ёфтааст. Аз  ин ҷиҳат, имрӯз дар ҷомеаи озоди шаҳрвандии  Тоҷикистон ҳеҷ ҷавонписар ва ё ҷавондухтар намехоҳад бо шахсе, ки аз рӯи меъёрҳои тандурустӣ ва гинекологӣ гирифтори ин ё он иллат ё беморӣ бошад, оила барпо кунад.  Ин  талаботи одии ҳар як шаҳрванди ҷомеаи озод аст.

 

 «Ховар»: Имрӯз пешниҳоди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила агар аз як тараф ҷонибдорони худро дошта бошад, аз тарафи дигар муқобилон низ ҳастанд..  Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?

Ф. Баротзода:  Табиист, ки ҳар як иқдоми наве ки ба вуҷуд ояд, он албатта, тарафдорон  ва муқобилони худро пайдо мекунад. Аз ҷониби дигар, барои пайдо кардани хонанда расонаҳои хабарии давлативу ғайридавлатӣ дар атрофи ин масъала ва ҷонибҳои манфии он ҳангома мекунанд. Вале мо бояд ин ҳангомаҳоро таҳаммул кунем ва дар байни мардум, хусусан, ҷавонон чунин ақидаро ҷорӣ кунем, ки дарвоқеъ, гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба манфиати саломатии онҳо ва ояндаи наслу фарзандони  онҳо мебошад. Мо мутмаинем, ки ҷавонони кишвари мо ин талаби замонро ба хубӣ дарк мекунанд ва ин масъала дар доираи барпо намудани оилаҳои нав ва бастани номаи ақди никоҳ ба як кори  маъмулӣ табдил меёбад.

          «Ховар»: Оё  қабули ин тағйирот сабаби  коҳиш ёфтани қайди ақди никоҳи шаҳрвандӣ ва афзудани никоҳи мусулмонӣ намегардад?

Ф. Баротзода: Имрӯз дар  масъалаи барпо намудани никоҳи шаҳрвандӣ ва никоҳи динӣ Ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдор бисёр корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд. Яъне аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва  дигар ниҳодҳои ин соҳа, ки фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандии моро назорат мекунанд,  талаб  мешавад, ки муллоҳо дар ҳолати надоштани ҳуҷҷати  ақди никоҳи шаҳрвандӣ  никоҳи исломӣ набанданд.  Аксари  муллоҳо ҳангоми бастани никоҳ иҷозатномаи давлатӣ ва аризаи ду тарафро оид ба барпо намудани ақди никоҳ  талаб мекунанд. Албатта,  ин суол дуруст аст, ки ҳолатҳои пинҳонӣ бастани никоҳ ва ҳатто ба синни 18 нарасидани духтарон имрӯз низ дар баъзе минтақаҳои кишварамон ҷой доранд. Вале  ин нисбат ба 5 – 10 соли пеш аз нигоҳи фоиз кам аст. Агар  мақомоти дахлдор имрӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаро идома диҳанд, ин кор ба як доираи барои ҳама муносиб дохил мешавад.

 

«Ховар»: Ба андешаи Шумо оё гарон будани гузаштан аз ташхиси  тиббӣ садди роҳи  ақди никоҳ намегардад?

Ф. Баротзода: Дар масъалаи гарон будани ташхиси тиббӣ бояд гуфт, ки маблағи зиёд ва ё кам набояд садди роҳи ҷавонон шавад.  То ҳанӯз ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо дар мо хароҷоти номатлуб дида мешаванд, ки ин  танҳо бар зарари хонавода аст.  Хуб мешуд,  ин хароҷотро камтар кунему маблағҳои сарфашударо барои саломатии худ сарф намоем, то  мутмаин бошем, ки ду ҷавоне , ки оилаи нав барпо карданӣ ҳастанд, оилаи онҳо аз нигоҳи тиббӣ ва гинекологӣ солим хоҳад буд.

 

«Ховар»: Дар масъалаи  озор расонидан ва  бемор кардани ҳамсар дини ислом чӣ мегӯяд?

Ф. Баротзода: Ислом  дини ахлоқ ва тарбия аст. Дар ислом озоре ба зан расонидан ба қатори гуноҳҳои кабира  дохил мешавад, зеро зан ҷинси заиф ва латиф аст. Аз ин ҷиҳат муносибати мард ба зан чунон бояд бошад, ки  шахс гӯё ба ҷисму ҷони худ муносибат мекунад.  Аслан дар  таълимот ва талаботи ислом беҷогардӣ, машғул шудан ба корҳои бад ва бахусус, зино кардан бисёр ҷазои сахт дорад, аз ин ҷиҳат оилаҳои нави давлати дунявию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёриро доранд, ки як оилаи солими ояндасозро барпо намоянд.  Барои  ин тамоми заминаҳои ҳуқуқиву  фарҳангӣ, анъанаву одатҳо, ваҳдату бовар, эътиқоди диниву  мазҳабиву эмонӣ барои мо дар шакли фаровон муҳайё аст.

Хотиррасон мекунем, ки 27 ноябр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар ҳолати қабул шудан  минбаъд арӯсу домод пеш аз хонадоршавӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

 

 

Мусоҳиб Лайло Тоирӣ

 

 

Декабрь 3, 2015 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад