Файзобод: Файзия Қодирова бо сарфи 70 ҳазор сомонӣ кӯпруки деҳаи Бобои Валиро навсозӣ кард
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Файзия Қодирова, сокини ноҳияи Файзобод аз ҳисоби пасандозҳои захиракардаи худ ва ёрдами писаронаш нияти зиёрати хонаи Худовандро дошт. Баъд аз андешаву мулоҳизаҳои дуру дароз, ӯ азм намуд, ки ин маблағро ба кори хайре сарф кунад. Номбурда ҳангоми ба меҳмонӣ рафтан ба хонаи духтараш Мавҷигул Назарова, ки дар деҳаи Бобои Валӣ зиндагӣ мекунад, медид, ки кӯпруке, ки роҳи ин деҳаро бо роҳи асосӣ пайваст менамояд, фарсудаю хатарнок гардидааст ва мардум бо душвории зиёд аз болои он мегузаранд.
Баъди ҳисобу китоб маълум шуд, ки барои пурра навсозии ин кӯпрук 70 ҳазор сомонӣ сарф мешавад. Писарони Файзия Қодирова — Маҳмаёру Худоёр, Худойдоду Диловар ва Абдулфаттоҳ ба болои маблағҳои ҷамъкардаи модар боз маблағ зам намуда, кӯпруки деҳаи Бобои Валиро, ки аз болои дарёчаи Элок мегузарад, аз нав барқарор намуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ кӯпрук пурра навсозӣ гардида, дар хизмати мардум қарор гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст






