Хизматчиёни давлатӣ асосхои фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатиро меомӯзанд

Декабрь 23, 2015 06:19

Душанбе, 23.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 5 нафар  кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тачрибаи Ҷумҳурии Қазокистонро оид ба принсипҳои фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон меомӯзанд. 
Дар рӯзи нахустини курси такмили ихтисос хизматчиёни давлатии тоҷик бо фаьолияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазокистон ошно гардида, оид ба таҷрибаи кишвархо табодули афкор намуданд. Устодону коршиносони соҳа ба онҳо оид ба тарзи фаьолияти самараноки сомонаҳои мақомоти давлатӣ, кор бо сомона, ҷой намудани хабару гузоришхои матнию видеоӣ ва гузоштани аксҳо маьлумот доданд. 
Инчунин иштирокчиёни курси такмили ихтисос бо маркази технологияҳои иттилоотӣ, маркази тестӣ (имтиҳонсупорӣ)-и хизматчиёни давлатӣ, ки намояндагии худро дар шаҳру вилоятҳо дошта, тавассути технологияҳои иттилоотӣ аз як марказ назорат карда мешавад, аз наздик ошно гардида, таҷрибаи заруриро аз худ намуданд. 
Таькид шуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Қазокистон бештар аз 68 ҳазор нафар ба ҳайси хизматчии давлатӣ фаьолият карда, маьлумоти зарурӣ оид ба онҳо дар як махзани иттилоотӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ба кадрҳои ҷавони хизматчии давлатии тоҷик кормандони Маркази омӯзишӣ — таҳлилӣ оид ба масьалаҳои муқовимат бар зидди коррупсия маърӯза хонда, таҷрибаи худро оид ба мубориза бар зидди коррупсия тавассути технологияҳои иттилоотӣ омӯзониданд. 

 

Декабрь 23, 2015 06:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад