Хоруғ: қитъаи бандшудаи роҳ аз кӯҳпора озод гардид
Хоруғ, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Қитъаи 638-уми шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб- Дарвоз- Хоруғ-Мурғоб-Қулма, ки дар натиҷаи фаромадани кӯҳпораи азим тайи ду рӯз банд гардид, кушода шуд. Бояд гуфт, ки ин қитъаи харобгардидаи роҳ ба мавзеи Шитобоғи ноҳияи Шуғнон дохил буда, он имсол баъди фаромадани сел дар деҳаи Барсем ва хароб гардидани роҳи асосӣ дар дарозии 4 км бунёд гардид.
Бояд гуфт, ки мавзеи Шитобоғ яке аз мавзеъҳоест, ки дорои сангҳои сиёҳи коркардашон мушкил мебошад, вале мутахассисони ватанӣ тавонистанд бо меҳнати шабонарӯзӣ дар муддати 40 рӯз онро бисозанд. Ин маврид низ кӯҳпора бо ҷалби техникаи муосир сари вақт тоза карда шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






