Хоруғ: қитъаи бандшудаи роҳ аз кӯҳпора озод гардид

Декабрь 2, 2015 05:05

Хоруғ, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Қитъаи  638-уми шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб- Дарвоз- Хоруғ-Мурғоб-Қулма, ки дар    натиҷаи  фаромадани кӯҳпораи азим тайи ду рӯз банд гардид, кушода шуд. Бояд гуфт, ки ин қитъаи харобгардидаи  роҳ  ба   мавзеи Шитобоғи  ноҳияи Шуғнон дохил буда, он  имсол баъди фаромадани  сел  дар деҳаи Барсем ва  хароб гардидани  роҳи асосӣ дар  дарозии  4 км  бунёд гардид.
 Бояд гуфт, ки мавзеи  Шитобоғ яке аз мавзеъҳоест, ки дорои  сангҳои  сиёҳи коркардашон мушкил   мебошад, вале  мутахассисони ватанӣ тавонистанд   бо  меҳнати  шабонарӯзӣ дар муддати 40 рӯз онро  бисозанд. Ин маврид низ   кӯҳпора  бо  ҷалби техникаи муосир  сари вақт тоза карда шуд. 

 

Декабрь 2, 2015 05:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад