Хоруғ: Оқибатҳои заминларза бартараф мешаванд

Декабрь 9, 2015 06:36

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Имрӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим  бо намояндагони   вазорату идораҳои  ҷумҳуриявӣ дар маркази ноҳияи Рӯшон дар мактаб-интернате, ки дар он барои  заррадидагони заминларза ҷой ҷудо   шудааст,   бо мардум  ва масъулин вохӯрӣ намуд. Масъалаи асосии вохӯрӣ  кумак ба зарардидагон, кушодани роҳҳо ва бартараф намудани оқибатҳои заминларза буд.
Тибқи маълумоти  воридшудаи  ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ВМКБ  дар  натиҷаи  заминҷунбии   7 декабр  рухдода  дар ҳудуди вилоят 237 хона пурра   валангор шуда,  588 хона қисман  зарар дидаанд. Инчунин 10 мактаб, 1 мактаби ибтидоӣ  пурра, 9 мактаби миёна қисман, 3 китобхона, 2 хонаи фарҳанг, 1 Маркази саломатӣ,  1 неругоҳи хурди барқӣ  дар деҳаи Разудҷи водии Бартанг қисман зарар дидаанд.  Роҳи нақлиётии самти Рӯшон- Бартанг то километри 86-уми   деҳаи Чадуд  бо ҷалби 2 булдозери  ДТ-75 кушода шуд. Инчунин аз маркази ноҳияи Рӯшон  1 автогрейдер  ва 1   Боркунак ба  мавзеи  км-и 32-юми  деҳаи Разудчи водии Бартанг   сафарбар  гардиданд. Байни  деҳаҳои  Чадуд ва Япшорви  водии Бартанг  1  кӯпруки  нақлиётгард  дар ҳолати садамавӣ  қарор дорад, ки  гузаштани  мошинҳо  аз болои  он ғайриимкон гардидааст. Барои бурдани  корҳои  бартарафкунии оқибати заминларза   дар мавзеъҳои   мазкур  техникаю  механизмҳо  намерасанд. Бояд гуфт, ки  гурӯҳи кории ҳукумати   вилоят  бо роҳбарии  раиси  вилоят дар деҳаи Басид қарор дорад.
Ҳамчунин  гурӯҳҳои кории ҳукумати   вилоят  таҳти роҳбарии муовинони раиси вилоят дар маркази ноҳияи Рӯшон  ва деҳаи Чадуди водии Бартанг  қарор доранд.  Дар ноҳияи Рӯшон ситод оид ба рафъ намудани оқибатҳои заминларза фаъолият дорад.

 

 

Декабрь 9, 2015 06:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад