Ифротгароёни ДИ аз июни 2014 то имрӯз қариб 850 занро дар Мосул куштаанд
Душанбе, 28.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Пайравони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» аз оғози тасарруфи дуввумин шаҳри калонтарин дар Ироқ — Мосул дар моҳи июни соли 2014 то ин дам тақрибан 850 занро куштаанд.
Ин маълумотро рӯзи якшанбе Раёсати полиси музофоти Найнаво, ки маркази маъмурияш Мосул аст, дар гузориши махсус нашр кардааст.
«Аз оғози тасарруфи шаҳри Мосул 837 зан қурбони кушторҳои террористони ДИ шудаанд», — омадааст дар гузориш.
Бино ба иттилои сардори Раёсати полиси ин музофот Зенун ас-Сабауи ин шумора танҳо нафарони кушташудаеро, ки дар сардхонаи нигаҳдории ҷасадҳои шаҳр ба қайд гирифта шудаанд, дар назар дорад.
Ба гуфтаи ӯ, аксари занҳои кушташуда касбу кори дунявӣ доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дуюмин калонтарин шаҳр дар Ироқ — Мосул рӯзи 10 июни соли гузашта аз ҷониби ДИ ишғол шуда буд. Ҳоло озод намудани Мосул аз ҳадафҳои аслии амалиёти неруҳои ҳукуматӣ ва ихтиёриён бар зидди террористони ДИ мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






