Ифтитоҳи бинои таълимии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Декабрь 7, 2015 04:06

Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи таъсиси воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ бинои таълимии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД-ро, ки дар шафати бинои асосии ДТММ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд. Бино аз синфхонаҳои компютерӣ барои машғулияти махсуси тактикӣ иборат буда, дар назди он биноҳои таълимии махсуси тактикӣ ҷойгир шудаанд, ки ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсус савияи дониш ва маҳорати касбии назариявӣ ва амалии худро такмил хоҳанд дод.
Дар биноҳои таълимии махсуси тактикӣ аз ҷониби ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД амалиёти махсус оид ба маҳв намудани гурӯҳҳои ҷиноятпешаву террористии шартӣ намоиш дода шуд. Дар он кормандони таъйиноти махсус бо истифода аз силоҳ ва воситаҳои махсус гурӯҳи террористони бо яроқ мусаллаҳро дар  муддати кӯтоҳ ва бо чусту чолокӣ безарар гардонида, гурӯҳҳои сапёрию кинологӣ  бо истифода аз роботҳои махсус ва сагҳои хизматӣ маҳалли ҳодисаро аз маводи тарканда ва дигар аслиҳаи ҷангӣ тозаву безарар гардониданд. Ҳамчунин кормандони воҳидҳои таъйиноти махсус саҳнаҳои ҷангҳои тан ба тан, худмуҳофизатӣ ва усулҳои гардонидани ҳуҷумро нишон доданд.  
Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки кормандони воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар таъмини сулҳу суботи кишвар ва амнияти шаҳрвандон саҳми босазо доранд. Онҳо дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, аз худ шуҷоату далерӣ нишон додаанд. Хизмати арзандаи ин родмардони Ватан ҳамеша қадрдонӣ гардида, минбаъд низ онҳо ба савганди садоқати худ содиқ хоҳанд монд.
Зимни чорабинӣ як гурӯҳ кормандони воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД барои хизмати софдилонаю содиқонаашон бо рутбаҳои махсуси навбатӣ, нишони сарисинагӣ ва медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорномаю Раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. 

Декабрь 7, 2015 04:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ