Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии замонавӣ дар отрядҳои сарҳадии «Шӯрообод» ва «Ҳамадонӣ»
Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи гузашта дар отрядҳои сарҳадии «Шӯрообод» ва «Ҳамадони»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ биноҳои нави замонавӣ барои афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, инчунин дар минтақаи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар маросими тантанавӣ ду дидбонгоҳи нави замонавӣ- «Кокул» ва «Темурмалик», ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ба истифода дода шуданд. Биноҳо аз утоқҳои корӣ, хобгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона ва хонаи фароғатӣ иборат мебошанд.
Ҳамзамон дар Отряди сарҳадии «Шӯрообод» беш аз 80 сарбози навдаъватшуда Савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов, раисони ноҳияҳо Икромзода Амирхон ва Вализода Абдуқодир дар назди меҳмонон ва сарбозон изҳор карданд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад. Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд барои ҳар як аскару афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доранд ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Савганди ҳарбӣ мебошад, — инчунин ба онҳо хизмати софдилонаро дар марзу буми кишвар орзу намуданд.
Ба афсарон ва сарбозони фаъол, барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи раиси КДАМ ҶТ ва фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтирхономаҳо, нишонаҳои сарисинагӣ супорида шуданд.
Биноҳо ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дорои ҳама шароит ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошанд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






