Имконияти ҳамкории бонкҳои Тоҷикистону Ҳиндустон аз назари олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ
Душанбе, 23.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Зимни маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи бонкдорӣ» профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фозил Обидов изҳор кард, ки «Ифтитоҳи филиали бонкҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, то робитаҳои тиҷоратии байни ду давлат бештар гардида, барои ҳамкории босамари ширкатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи истеҳсолоту тиҷорат заминаи мусоид гузошта шавад. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни бонкҳои ду кишвар ва ташкил кардани бонкҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон (бо такя ба бонкҳои давлатӣ, ки тамоюл ва имкони бештари сармоягузорӣ доранд) имконият медиҳад, ки ба сохтмони неругоҳҳои азими барқӣ-обӣ, бунёди корхонаҳои бузурги саноати кӯҳӣ ва коркарди фулузот маблағҳои зарурӣ пайдо ва равона шаванд». Ба андешаи профессор Ф. Обидов барпо намудани алоқаи муштараки бонкҳои Тоҷикистон бо он бонкҳои Ҳиндустон, ки барои сармоягузорӣ ба манбаъҳои ғайрианъанавии неруи барқ, дастгирии касбу ҳунари бадеии халқӣ, пешниҳод кардани сармояи кучак ва хурд таҷриба доранд, тадбири муфид мебошад. Дар ин соҳа Ҳиндустон муваффақиятҳои намоён дорад ва тавассути вусъат додани алоқаҳои бонкӣ метавон аз таҷрибаи бонкҳои Ҳиндустон босамар истифода бурд.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 21-22-юми декабри соли равон бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлаъл Неру, Хазинаи тадқиқот ва фарҳанги Ҳимолой конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Омӯзиши Ҳиндустон дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар маросими тантанавии ифтитоҳи конфронс ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик М. Имомзода ва сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷа Прасад иштирок карда, сипас дар бахшҳои конфронс бо ширкати олимону донишмандони ватанию хориҷӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ паҳлӯҳои гуногуни ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву адабии Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






