Имзои Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон

Декабрь 18, 2015 10:27

Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Созмони  Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Барномаи  қолабии  СММ  оид  ба  расонидани  кумак  барои  рушд  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2020»  ба имзо расид.
Тавре ки дар расми қабули барнома таъкид шуд, Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак  барои  рушд ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурўҳи кишварии СММ-ро  барои  расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор  тавассути пешбурди рушди одилонаи иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мусоидат аз тариқи рушди иқтидор, тақвияти заминаҳои стратегӣ ва сиёсӣ, беҳтаргардонии низоми уҳдадорӣ, аз ҷумла  дар робита ба механизми ҳифзи  ҳуқуқи  башари  СММ  ва  расонидани  хизматҳои  босифати иҷтимоӣ тақвият  бахшида,  дар  давраи  муайян мавриди иҷро қарор дода мешавад.
Ба Барномаи  қолабии СММ оид ба расонидани кумак  барои  рушд  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2020 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар кишвари мо  Александр Зуев имзо  намуданд.

Декабрь 18, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад