Ироқ хуруҷи неруҳои Туркияро аз қаламрави худ талаб кард

Декабрь 5, 2015 06:15

Душанбе, 05.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Ҳукуматдорони Ироқ хуруҷи фаврии неруҳои Туркияро аз қаламрави худ талаб карда, интиқоли неруҳои туркиро ба минтақаи Башикаи наздикии шаҳри Мосул вайрон кардани соҳибихтиёрии худ хонданд. Вазорати корҳои хориҷии Ироқ амали Туркияро «ба зурӣ зада даромадан» хонда, имконияти гузаронидани ҳар гуна амалиёти низомиро бе мувофиқа бо Бағдод рад кард.

Чанде қабл иттилоъ дода шуд, ки Туркия дар доираи барномаи омӯзиши ҷангиёни курдӣ 130 сарбозашро дар Башика ҷойгир кардааст. Ба гуфтаи намояндагони неруҳои ҳарбии ИМА, Туркия неруҳояшро мустақилона ба шимоли Ироқ интиқол дода, ин иқдомро берун аз доираи амалиёти эътилофи байналмилалӣ, ки бар зидди ДОИШ мубориза мебаранд, қабул кардааст. «ИМА медонанд, ки Туркия садҳо неруи худро дар шимоли Ироқ ҷойгир кардааст, аммо ин иқдом як  қисмати амалиёти эътилоф таҳти роҳбарии ИМА нест», — гуфтаи ду нафар низомии амрикоиро иқтибос меорад ТАСС бо ишора ба Агентии «Reuters». 

Декабрь 5, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад