Ислоҳи камбудиҳо дар номгузорӣ ва навишти лавҳаву овезаҳо аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот

Декабрь 15, 2015 11:16

   Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37-и ноҳияи Сино бо кормандони ташкилоту муассисаҳои марзиву маъмурии ноҳияи Сино мулоқот баргузор гардид. Мулоқот бо  ташаббуси Комиссияи татбиқи забони давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» доир шуд.
    Дар мулоқот раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти кумита Р. Зулфониён, намояндагон аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок намуданд. Чорабинӣ бо ҷалби  150 корманди ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, соҳибкорону тоҷирон ва хонандагони мактабҳои ноҳия амалӣ  гардид.
    Муовини раиси ноҳияи Сино З. Гулов аз вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ноҳияи мазкур, мушкилоту камбудиҳои муассисон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ гузориш дода, иброз намуд, ки дар ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта оид ба масъалаи номгузорӣ ва навишти лавҳаву овезаҳо, инчунин маводи иттилоотии нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ бояд ҳар як соҳибкор саҳмгузор ва вазифадор бошад. 
    Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Шарофзода аз сиёсати давлатии забон дар кишвар ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт сухан карда, мардумро бори дигар ба арҷгузорӣ ба ин муқаддасот, ки забони давлатии кишвари мост, даъват намуд.
Мақсад аз баргузории вохўрӣ шиносоии  кормандони ташкилоту муассисаҳои марзиву маъмурӣ — кормандони соҳаи маориф, соҳибкорон ва огоҳӣ ёфтани эшон аз сиёсати давлатии забон дар кишвар, роҳи дурусти татбиқи он ва дар дили ҳар яки онҳо бедор кардани фарҳанги забондонӣ, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» буд.

 

Декабрь 15, 2015 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ