Ислом ба зоти худ надорад айбе…
Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳазору чаҳорсад сол қабл Худованди Бузург аз забони расулаш хотам-ул-анбиё, Ҳазрати Муҳаммад(с) муждаи зуҳури динеро бо номи Ислом ва каломеро бо номи Қуръон паём дод, ки чун хуршеди тобон вуҷудашон дунёро мунавввар намуд. Имрўз тақрибан якуним миллиард одамони сайёра аз ин дини муқаддас пайравӣ менамоянд.
Дар имтидоди чаҳордаҳ қарн ҳазорҳо ҷилд асари мондагоре интишор гардида, ки бозтоби Қуръони Шариф ва аҳодиси зарифи паямбари муаззаманд.
Ҳазорҳо тан аз машоиху авлиёву уламову удабову зурафо Қуръони муқаддасро сарчашмаи маърифати хеш қарор дода, садсолаҳост осорашон лабташнагони олами маъниро шодоб кардаву хоҳанд кард.
Ислом динест моломоли адолату садоқату рафоқат, динест поку мубарро, софу муҷалло, динест салиму ҳаким раҳиму раҳнамо, динест бо шавқату саодату шарофат, динест шарифу ҳаниф, малеху сареҳ…
Тайи даҳсолаи охир аз ҷониби нерўҳои аҳриманӣ кўшишҳои бадномсозии ин ойини муқаддас ба назар мерасад. Исломро ҳамчун дини ҷангхоҳу бесубот, ситезаҷўю таҳаммулнопазир муаррифӣ намуда, ҳатто муродифи истилоҳҳои террору тероризм қаламдод менамоянд. Бо суръати баланд зиёдшавии мусалмонони сайёра, аз байн рафтани институти оила, кам ва пиршавии миллатҳои муқимии кишварҳои ғарб, тайи даҳсолаҳо зери таъсири маданияти ғайр қарор нагирифтан ва таҷзиянашавии мусалмонон ба сохту шеваи зиндагии онҳо омили дигари бесаранҷомшавии душманони дини муҳаммадиянд.
Аз дигар сў, худи мусалмонони гумроҳу ноогоҳу «зархарид» ба монанди гурўҳи ба ном Давлати Исломӣ ва роҳбарони ғоявии онҳо номи мубораки Исломро халалдор менамоянд. Тайи ду-се соли охир онқадар ин гурўҳ исломи покро бадному нохушоянд намуданд, ки садсолаҳо ягон душмани дину мазҳаби мо чунин муваффақ нашуда буд. Ҳазорон афсўсу надомат, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳу мутаассибони хирасари тоҷик низ ба доми ин гуруҳ афтодаву Тоҷикистонро ба бадномӣ мекашанд. Кўрдилон то ҷое бефаҳманд, ки дар муқаддасгоҳҳои мусалмонон-Ироқу Шом, ки қадамҷойҳои асосгузорону бунёдгузорони исломанду ҳазору чаҳорсад сол аст дар ин минтақа садои азон хомўш нашудааст, ҷиҳод эълон намудаву бо нидои «Аллоҳ Акбар!» хуни ноҳақи ҳазорон мусалмонро рехтаву онҳоро бехонумон намудаву дар ба дару муҳоҷири даргаҳи Яҳуду Насоро менамоянд. Худованд рӯшан дар Қуръони Шариф мефармояд, ки инсонеро бегуноҳ куштан тамоми башарро куштан аст. Ҳатто Худованди мутаъол ба паямбаронаш даъвати қатлу кушторро нафармудааст ба ҷуз замоне, ки ба ҷону молу пайвандон, ибодатгоҳу зиёратгоҳу амокини муқаддасашон кофар ё душман таҷовуз ва ё хатар эҷод накунад. Гузашта аз ин, Аллоҳ ба расулонаш мефармояд, ки вазифаи шумо танҳо одамонро ба роҳи ҳақ даъват кардан асту бас. Роҳбарону идеологҳои даҷҷолсирати «Давлати исломӣ», ки то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд, оятҳоро таҳриф карда, фатвоҳои бепоя бароварда, ҷавонони гумроҳу чалласаводро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла гипнозу сеҳру манқурткунонию доруҳои эҳсосбарангез (ҳайвонӣ) ва эҳсоскўш (тарс) амсоли каптагон (амфетамин) ба доми фиреб мекашанд. Воқеан дар Қуръон дар якчанд сура бобати ҷиҳод сухан меравад, вале бештарашон мутааллиқи ҳамон замонанд. Чун исломи ҷавону тоза ва Расули Худо ба тарғибу дастгирӣ ниёз доштанду душманон аз зумраи кофарону мушрикону бединон қасди куштани паямбару маҳви дини ҳақ доштанд, мусалмонон тибқи фармудаи Худо ба ҷиҳоду ғазовот бархоста буданд. Вале имрўз Ислом дигар ниёз ба пуштибонӣ надорад, ниёз ба хуни инсон рехтанро надорад, зеро пирўз асту дар тамоми кураи замин муътақидон бе мамоният фароизи исломро ба ҷо меоранд. Ҳазорҳо донишгоҳу донишкадаву мадрасаву мактабҳои исломӣ дар хидмати мардуманд. Тамоми сол роҳи хонаи Худо- Каъба боз аст. Миллионҳо адад адабиёти динӣ мунташир гардидаву мегарданд. Ҳазорҳо расонаҳои радиотелевизионӣ, рўзномаву маҷалла ва сомонаҳои интернетии динӣ озодона фаъолият намуда, дини ҳақро тарғиб мекунанд.
Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки, дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ, табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст». «Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва, умуман, аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи инсондўстиву ватандӯст ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 29 уми сентябри соли ҷорӣ аз афзоиши шумораи низоъҳои мусаллаҳона ва амалиёти террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуд. Сардори давлат ҳамчунин аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро вазифаи дараҷаи аввал номид.
Душмани дигари ашадии Ислом ин тафриқаандозӣ ва тақсимбандии умматони Расул ба шиъаву суннӣ ва даҳҳо ҳаракату ҷараёну гурўҳҳои тундрав мебошад. Агар як номи Худо бахшоянда бошад, пас чаро бандаҳои мусалмонаш дар симои суннию шиъӣ беш аз ҳазор сол аст (аз замони мухолифати ҷонибдорони халифаҳо Усмон ва Алӣ) ҳамдигарбахшию таҳаммулпазирӣ намекунанд?! Оё фаромўш намудем, ки шиори асосии Ислом ҳамон ояти машҳури карима аст: «Муъмин бародари муъмин аст» Дил мехоҳад садо даркашад: -Эй мусалмонон! Агар Худо яктост, Муҳаммад(с) яктост, Қуръон яктост, Каъба яктост, пас чиро бояд тақсим карду чаро низоъу хушунат кард???!!!
…Ҳар айб ки ҳаст дар мусалмонии мост!
Аълочии маорифи ҶТ, журналист, Директори Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






