Ҳисоботи ширкатҳои хориҷии омӯзандаи конҳои маъдани Тоҷикистон

Декабрь 21, 2015 04:20

Душанбе, 21.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар Сарраёсати  геологияи  назди  Ҳукумати  ҶТ машварати   навбатии ширкатҳои  хориҷию  дохилии омӯзандаи конҳои  маъдани Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар  машварат,  аз ҷумла,  намояндагони  ширкатҳои  «Газпром Эп Интернэшнл сервизис Б.В  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»,  «Бохтар оперейтинг Компани Б.В», «Сомон — ойл»,  «Эдго энержи С.А»,  ки  ба  омӯзиши конҳои нафту  газ  машғуланд, «ТВЕА Душанбе  саноати  кӯҳӣ», «Апрелевка»,  «Бунёд+АА», «Эксимком»,  «Кулла», «Сарват», «С.А.Минералис»,  ки  ба  омӯзиши  фулӯзоти  қиматбаҳо  машғуланд,  ҳамчунин  «Ширкати  кӯҳӣ  саноатии  Тоҷикистону  Чин», «Анзоб», «Камароб», «ВТИ — Помир» ва «Хаксин Ғаюр Индастриал», ки  ба омӯзиши  маъдани  хом  машғуланд  иштирок намуданд.
Сардори  Сарраёсати  геологияи  Тоҷикистон  Ҷумъазода  Мурод  Хол  дар  машварат  натиҷаи   фаъолияти  ширкатҳо тайи  соли  2015 — ро   шарҳ дода,   нақшаи корҳои иктишофӣ барои  соли  2016 — ро  муайян  кард.

 

Декабрь 21, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид