Кӯшиши табаддулот дар Душанберо хонандагони АМИТ «Ховар» ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози соли равон мешуморанд
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ин навбат бо саволи «Ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози соли 2015 кадом аст?» назарпурсӣ баргузор кард. Назарпурсӣ муддати ду ҳафта идома ёфт ва дар он то соати 8-и субҳи 21-уми декабр 295 нафар иштирок карданд. Ба андешаи 8 фоизи овоздиҳандагон ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози соли 2015 офати табиӣ дар Бадахшон будааст, ҳамин миқдор овоздиҳандагон (8 фоиз) марги муҳоҷиркӯдаки курдӣ дар баҳрро ҳодисаи хабарсози соли равон донистаанд. Ба андешаи 13 фоизи овоздиҳандагон ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Фархунда дар Кобул ҳодисаи беш аз ҳама хабарсоз ва боз ҳамин миқдор иштирокдорони назарпурсӣ (13 фоиз) амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русияро дар Сурия ҳодисаи хабарсоз номидаанд. Ҳамлаи тайёраи F-16-и Туркия ба бомбаандози Су-24-и Русия ба андешаи 14 фоизи иштирокдорон ҳодисаи беш аз ҳама хабарсоз ва марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар Санкт-Петербургро 20 фоизи пурсидашудагон ҳодисаи хабарсози сол гуфтаанд. Аз ҳама бештар иштирокдорони назарпурсӣ — 24 фоизи овоздодагон кӯшиши табаддулот дар Душанберо ҳодисаи беш аз ҳама хабарсози сол номидаанд.
Дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» то соати 8-и имрӯз 98 нафар дар назарпурсӣ иштирок карда, 21 фоизи онҳо ҳамлаи тайёраи F-16-и Туркия ба ҳавопаймои ҷангии Су-24-и Русия ва ҳамин миқдор марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар Санкт-Петербургро ҳодисаҳои хабарсози сол гуфтаанд. 18 фоизи пурсидашудагон амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар Сурия, 15 фоиз кӯшиши табаддулот дар Душанбе, 14 фоиз офати табиӣ дар Бадахшон ва 7 фоиз қатли Фархунда дар Кобулро ҳодисаи хабарсози сол гуфтанд. Ҳамагӣ 2 фоизи иштирокдорони назарпурсии бахши русии сомона марги муҳоҷиркӯдаки курдиро ҳодисаи хабарсози соли сипаришаванда номиданд.
Хотиррасон мекунем, ки назарпурсӣ ғайрирасмӣ буда, ҳадаф аз баргузории он танҳо муайян кардани сатҳи дарку тафаккур, вокуниш ва муносибати фаъолони ҷомеа нисбат ба ҳодисаҳои дар дохили кишвар, минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ ба амаломада мебошад. Ҳар яки 7 ҳодисаи мавриди назарпурсӣ қарор гирифта дар мавриди худ хабарсоз буданд, таваҷҷуҳи на танҳо шаҳрвандони мамлакат, ҳамчунин сокинони сайёра, коршиносону мутахассисон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва муҳаққиқонро ба худ ҷалб карда буданд.
Аз ҷумла, дар назарпурсӣ беш аз ҳама ҳодисаи хабарсози сол дониста шудани кӯшиши табаддулот аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиа А. Назарзода ва ҳаммаслаконаш аз ҳисоби размандагони мухолифини мусаллаҳ баёнгари он аст, ки шаҳрвандони мамлакат пойдор будани тинҷӣ ва амну суботи ҷомеаро муҳимтарин омили устувории давлату миллат мешуморанд. Ба ҳодисаҳои минтақа (қатли ваҳшиёнаи Фархунда аз ҷониби таассубгарони беандеша) ва мураккабу печида гардидани вазъият дар кишварҳои Ховари миёна (амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар Сурия) баҳогузорӣ кардани хонандагони сомона аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон наметавонад аз гирдоби вазъи зуд-зуд тағйирёбандаи ҷаҳонӣ дар канор бошад. Бинобар ин муттаҳид будани фаъолони ҷомеа дар атрофи манфиатҳои давлату миллат тақозои замон ва давр бояд бошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






