Кафили сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди варзиш

Декабрь 17, 2015 12:08

           Душанбе, 17.12. 2015. (АМИТ «Ховар). — Аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» мо устодон, донишҷӯён ва варзишгарони шаҳри Панҷакент хеле хурсанд гардида, ҷонибдории  худро изҳор менамоем. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзандаи худ ба ин мақом  сазовор гардид. 
         Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои рушди варзиш дастгириҳои беназир зоҳир менамояд. Асоси гуфтаҳои мо ин аст, ки дар арафаи гузаронидани ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику  форс  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент пурра навсозӣ гардид, ки имрўз дар он ҷавонону наврасони мо бо табъи хуш тамрин карда истодаанд. 
          Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент толори варзишӣ оид ба  намуди гӯштини тарзи озод фаъолият мекунад. Дар он зиёда аз 150  наврас машғулият намуда, дар мусобиқаҳои вилоятиву чумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Онҳо номи шаҳр ва давлату миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ  менамоянд. Дар дигар толорҳое, ки дар дохили варзишгоҳ фаъолият мекунанд, оид ба намудҳои вазнбардорӣ, баскетбол, волейбол ва гандбол машғулиятҳо мегузаранд. Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Дар майдони варзишӣ ҳар рўз дар се баст зиёда аз 100 нафар наврас аз намуди бозии футбол машғулият мегузаронанд.
         Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи варзиш дар кишвар бо варзишгарону ҷавонон ва фаъолони ҷомеа дар шаҳри Душанбе вохўрӣ гузаронидгурӯҳ гузаронидани вохўрӣ ба як қатор шахсони бонангу баномуси миллат оид ба рушди варзиш супоришҳо дод. Дар асоси гуфтаҳои он кас дар тамоми гӯшаву канори кишвари мо чандин толорҳову майдончаҳои варзишӣ, хушбахтона,бунёд гардиданд.
         Соҳибкорону варзишгарони шаҳри Панҷакент аз ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат худро ба канор нагирифта, дар шаҳри Панҷакент якчанд толори варзишӣ бунёд намуданд. Дар ин вохӯрӣ бо роҳбари давлат, яке аз фаъолони соҳаи варзиш, шогирди мо Шаҳоб Набиев иштирок намуд. Шаҳоб Набиев, ки худ устоди варзиш оид ба гӯштини тарзи озод мебошад, бо  таассуроти хосса баргашта, маҷмааи  варзишии «Паҳлавон»-ро  оид ба гӯштини тарзи озод ва тарбияи бадан (фитнес)  ба истифода дод. Дар он чандин наврасони мо тамрин гирифта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. 
        Аз тарафи соҳибкорон ва варзишгарон  Қудратхонов Муҳаммадҷон ва Зокир Бозоров толори варзишии «Самбо» оид ба гӯштини тарзи миллӣ ва дзю-до ба истифода дода шуд.  Толори варзишии литсейи шаҳри Панҷакент таъмири асосӣ гардида, дар он маҳфили гӯштини тарзи миллӣ ва дзю-до кушода шуд.
        Бо ташаббуси соҳибкор ва варзишгар Раҷабов Изатулло дар деҳаи Ёрӣ толори варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини тарзи озод ва тарбияи бадан  ба истифода дода шуд. Дар он наврасони деҳа бо варзиш машғул мебошанд. Ҳоло наврасони деҳаи номбурда дар ин муддати кўтоҳ дар мусобиқаҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои хуб ноил гардиданд. 
    Яке аз хидматҳои арзандаи Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки маҳз бо ташаббуси он кас дар шаҳри Панҷакент ҳавзи болопўшидаи шиноварии замонавӣ  ба истифода дода шуд. Хурсандиовар аст, ки он кас омада, ин ҳавзро мавриди истифода қарор доданд ва ҳоло он мавриди истифодаи дўстдорони ин соҳаи варзиш қарор дорад.
         Бо ғамхориву дастгириҳои хирадмандонаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии азизамон аз сабаби нарасидани кадрҳои омузгорӣ соли 2007 дар шаҳри Панҷакент Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон ба  Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент табдил дода шуд. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аз тамоми гўшаву канори кишвар ва берун аз ҳудуди он ҷавонон таҳсил намуда, баъди хатми донишкада дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба омӯзгорӣ машғул мебошанд. 
        Тамоми донишҷўён, ҷавонон, варзишгарон ва кулли  мардуми  шаҳри Панҷакент хидматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро фаромўш намекунанд ва аз ин ҳодисаи фараҳбахши сиёсӣ — қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» хеле хурсанд буда, онро аз дилу ҷон ҷонибдорӣ менамоянд.
         
Абдуллоев Ш. декани факултети табиатшиносӣ ва тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Аълочии маорифи Тоҷикистон   

 

Декабрь 17, 2015 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, шанбе, 307-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад