Курсҳои омӯзишӣ барои устодони мактабҳои олӣ
Суғд, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар давоми 15 рӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд курсҳои сайёри такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи равияи фанҳои дақиқ доир гардид. Муовини директори Донишкадаи политехникӣ Хуршед Мақсудов ҳамкории Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникиро нек арзёбӣ намуда, гуфт, ки минбаъд чунин ҳамкорӣ аз аҳамият холӣ нест. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 23 устоди мактабҳои таҳсилоти олии вилоят гувоҳнома оид ба хатми курсҳои бозомӯзӣ дода шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






