М.Ҷабборӣ: Табиат боз моро имтиҳон намуда, барои азму талоши зиндагӣ ва масъулиятнокию корнамоӣ бедор сохт
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — “Чорабинии имрӯза дар марҳилаи ниҳоят ҷиддӣ, тақдирсанҷ ва ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ, ки ҳодисаҳои охирини фавқулоддаи заминларзаро дар як силсила минтақаҳои мамлакат инъикос мекунад, гузашта истодааст. Табиат боз моро имтиҳон намуда, барои азму талоши зиндагӣ, сарҷамъию муттаҳидӣ, дилсӯзӣ ва масъулиятнокию корнамоӣ бедор сохт. Соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, он дар панҷ соли охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳад”,-гуфт муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”.
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 15 декабр дар Душанбе ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 тасдиқ гардидааст, Шарҳи якҷояи соли панҷум ва миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи мазкур (САММИТ — 5) баргузор шуд.
Дар ҳамоиш намояндагони Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳуриии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии кишвар, профессорону устодони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии тандурустӣ,намояндагони дигар вазорату идораҳо, ҳамкорон оид ба рушд ва ташкилоти ғайридавлатӣ иштирок намуданд.
“Бояд ёдовар шуд, ки соли 2015 бо иқдоми бевоситаи Президенти кишвар “Соли оила” эълон гардида, барои мустаҳкам намудани институти оила, муносибатҳои байни навҷавонони оиладор, рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоии модарону кӯдакон, тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим, таъмини ҳуқуқҳои озодии инсон, адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ, ташаккули муносибатҳои байни шахсият, ҷомеа ва давлат такони ҷиддӣ дод. Маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ дар зарфи 10 соли охир 25 баробар афзун гардида, ба ин васила муассисаҳои гуногуни ин соҳа бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису муолиҷа таъмин мегарданд ва сифати хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳшавӣ овардааст”,-илова намуд Марҳабо Ҷабборӣ.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






