Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул шуд.
Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ 5,5 км роҳҳои мошингарди маркази ноҳия навсозӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳраки Қумсангир чароғон карда шуд. Соли 2016 2 ҳазор га заминҳои нави кишоварзӣ шодоб мегардад. Соли 2015 дар ноҳияи беш аз 73 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда, ҳоло дар майдони 2300 га замин пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.
Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд.
Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2018-2019 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳои дигар доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гумрук, Кодекси андоз, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба қонунҳо “Дар бораи маориф”, “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”, “Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” пас аз маъқул донистан пешниҳод гардид.
Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният” низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи генералии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва дақиқсозии нақшаҳо барои соли 2016 ва ҳам ба таъмини бехатарӣ аз сухтор ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ҳангоми истиқбол аз соли нави мелодӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






