Маҷмӯаи «Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашри пурраи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падида ва шароитҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро, ки дар замони гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ба амал меоянд, инъикос менамояд.
Дар маҷмӯаи солонаи оморӣ нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои 7 сол оварда шудаанд.
Дар маҷмӯа инчунин дар бораи аҳолӣ, вазъи демографӣ, тандурустӣ, маориф, ҳаёти илмию фарҳангии мамлакат маълумот оварда шудааст.
Дар маҷмӯа нишондиҳандаҳои ҷудогона, ки вазъияти соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ, саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, соҳаҳои хизматрасонии аҳолиро тавсиф мекунанд, бештар ҷой дода шудаанд.
Яке аз бобҳои маҷмӯа тавсифи умумии корхонаю ташкилот, иттилооти бизнеси хурд ва ҷараёни хусусигардониро дар бар мегирад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






