Маҳсулоти «Хуаксин Ғаюр Семент» ба бозори минтақа бароварда шуд

Декабрь 29, 2015 12:45

Душанбе 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»).Имрӯз нахустин корвони маҳсулоти ширкати истеҳсоли сементи Тоҷикистон «Хуаксин Ғаюр Семент» иборат аз 12 мошини калони боркашон бо 370 тонна сементи истеҳсоли ватанӣ аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поёни вилояти Хатлон ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаракат намуд. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ дода, таъкид карданд, ки нахустин интиқоли маҳсулоти ватанӣ ба воситаи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, тарзу усули  корбарии мақомоти гумрук, истифодаи таҷҳизоти муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони ватаниву хориҷӣ хуш пазируфта шуд.
Менеҷери ширкати истеҳсолии «Хуаксин Ғаюр Семент» Сюй Кэхэ зикр
 кард, ки ширкати «Хуаксин Ғаюр Семент» моҳи декабр бо ширкати афғонии «Шамал Шарқ» оид ба содироти 500 тонна сементи истеҳсоли Тоҷикистон шартнома баста, ҳоло дар хусуси бастани шартномаи ҳамкорӣ бо дигар ширкатҳои хориҷӣ гуфтушунидҳо идома доранд. «Бори аввал аст, ки фаъолияти худро аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён, ки яке аз дарвозаҳои Тоҷикистон дониста мешавад, ба роҳ мондем ва аз тартиби фаъолияти хадамоти гумрук таассуроти нек бардоштем. Нақша дорем, ки дар оянда ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ ва хадамоти гумрук дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба нафъи иқтисодии Тоҷикистон роҳандозӣ кунем», — гуфт Сюй Кэхэ.
Хотиррасон бояд кард, ки бунёди корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва афзун намудани ҳаҷми молу маҳсулоти содиротӣ ба хориҷи кишвар аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи иқтисодии Ҳукумати мамлакат муқаррар шуда, бунёди ширкати истеҳсолии «Хуаксин Ғаюр Семент» дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз қадамҳои нахустин ва муваффақи барномаи мазкур дониста шудааст.

Декабрь 29, 2015 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ