Майкл Боррел: Мо бо Президенти Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои Тоталро дар ин кишвар баррасӣ кардем
Душанбе,1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо ҳолати марбут ба соҳа ва ҳам лоиҳаҳоямон дар Тоҷикистонро баррасӣ намудем», — изҳор дошт 29 ноябр дар шаҳри Париж пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби аввали Президенти ширкати Тотал Майкл Боррел.
Вай илова намуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъияти мусбат ва ҳам баъзе мушкилотро дар ин кор хеле хуб дарк менамояд. Мо якҷоя бо шарикони худ аллакай имсол марҳилаи аввали иктишофи сейсмикиро ба итмом расонидем ва натиҷаҳои хубро ҳам ба даст овардем. Ҳоло дар марҳилаи омӯзиш ва арзёбӣ қарор дорем ва мебинем, ки дар оянда чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем.
Марҳилаи дуюми иктишофи сейсмикӣ соли 2016 шурӯъ мешавад ва сипас чоҳҳоро парма хоҳем кард. Тоҷикистон кишвари бисёр ҷолиб аст ва дар минтақаи мусоид ҷойи хубро ишғол мекунад.
Дар ин минтақа аҳолӣ меафзояд ва талабот ба энергия низ афзоиш меёбад. Лоиҳаи мо иштироки шарикони маҳаллӣ ва шарикони чиниро, ки мавқеи хубро ишғол мекунанд, дарбар мегирад ва мо кӯшиш мекунем, ки онро пеш барем.
Таваҷҷуҳи мо аз оғоз ба нефт ва газ марбут буд ва мо маҳз ҳамин соҳаро пеш мебарем.
Бояд гуфт, ки мо бо шарикони худ аллакай дар Тоҷикистон 200 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардем ва ин танҳо дар марҳилаи аввали иктишофи сейсмикӣ буд, ки дар корҳои он беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Мо барои онҳо омӯзиш ва кори хубро таъмин намудем. Умедворем, ки натиҷаҳои иктишофи сейсмикии мо мусбат хоҳанд буд ва он гоҳ ҳамкории минбаъдаи тӯлонӣ оғоз мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






