Марги фоҷиавии 401 нафар дар 11 моҳ ва 30 нафар дар 22 рӯз

Декабрь 8, 2015 08:58

Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи маълумоти расмӣ аз аввали соли 2015 то нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ 1303 садама дар роҳҳои мошингард рух додаанд, ки дар натиҷа 401 нафар ба ҳалокат расида, 1384 нафар ҷароҳати гунонуги ҷисмонӣ бардоштаанд.
Таассуфовар он аст, ки бар асари ин ҳодисаҳои нохуш кӯдакону наврасон низ ба ҳалокат расида, қисме аз онҳо ҷароҳат бардоштанд. Танҳо дар 22 рӯзи моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 104 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат 30 нафар, аз ҷумла 9 кӯдак ба ҳалокат расида, зиёда аз 105 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта,  дар беморхона бистарӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки агар падару модарон ва муаллимони мактабҳо ба беназоратӣ роҳ намедоданд, он гоҳ имкон дошт, ки фавти кӯдакон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ рух намедод. Мутаассифона, дар вақти дарсҳо баъзе хонандагони мактабҳо на аз пайи дониш, балки дар кӯчаҳо овора мегарданд, дар клубҳои интернетӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул мешаванд ва як қисми онҳо дар роҳу пайроҳаҳо ба фурӯши ҳар гуна мавод даст мезананд. Дар чунин ҳолатҳо кӯдакону наврасон аз сабаби надонистани қоидаи ҳаракат дар роҳ зери чархи мошинҳо мемонанд.

 

Декабрь 8, 2015 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд