Машварат: «Амалия ва назарияи қонунгузорӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ»
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Амалия ва назарияи қонунгузорӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ» баргузор гардид. Машварат бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлативу ҷамъиятии соҳаҳои гуногуни кишвар, ки дар робита бо ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, рушди рақобат ва пешгирии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол, татбиқи сиёсати инҳисории табиӣ ва соҳаи реклама фаъолият менамоянд, ташкил гардид.
Сардори Хадамот Саъдӣ Қодирзода иброз намуд, ки қонунгузории соҳаи зиддиинҳисорӣ ба хотири танзими муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибат ва ҳимояву ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон дар баробари истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагони молу маҳсулот, кору хизматрасонӣ ва инчунин назорати фаъолияти рекламавӣ, ки ҳамагӣ барои баланд бардоштани сифати зиндагӣ нигаронида шудааст, татбиқ мегардад.
Барои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», «Дар бораи инҳисории табиӣ» ва «Дар бораи реклама» ва иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар миқёси ҷумҳурӣ 52 маркази машваратӣ таъсис шудааст, ки арзу муроҷиатҳои истеъмолкунандагонро оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқҳои истеъмолиашон баррасиву бартараф менамоянд. Аз ҷумла, вусъати фаъолият оид ба ташкили робитаи боз ҳам наздиктар бо истеъмолкунандагон ва татбиқи қонунгузориро дар сатҳу сифати нав муҳим арзёбӣ намуда, андешидани тадбирҳо ва роҳу усулҳои муосирро зарур арзёбӣ намуданд. Дар машварат коршиносон, мутахассисони соҳаи зиддиинҳисорӣ, роҳбарони соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу ҳуқуқ ширкат варзида, барои таъмини фаъолияти системавии сохторҳои марбута ва татбиқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, аз ҷумла маърифаткунонии истеъмолкунандагон андешаронӣ намуданд.
Кормандони масъули сохторҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, савдо, кору хизматрасонӣ, ҳифзи муҳити зист, санитариву эпидемиологӣ, байторӣ ва дигар намудҳои хизматрасониҳо ба аҳолӣ роҳҳои беҳтаргардонии муносибатҳои хизматрасонӣ, сифати молу маҳсулот ва кору хизматрасониро баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






