ММ МО ҶТ Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро ҷонибдорӣ кард

Декабрь 18, 2015 11:57

Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро имрӯз мавриди баррасӣ қарор дода, якдилона ҷонибдорӣ  намуданд.
Раиси Кумитаи МММО ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар зикр кард, ки қонуни мазкур бо истифода аз сохти ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати ҶТ пешниҳод гардида, 18-уми ноябри соли 2015 онро МНМОҶТ қабул намуд.
Ин қонун барои мутобиқсозӣ ба талаботи қонунгузории ҶТ, алалхусус Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ», инчунин ба низом даровардани тартиб ва таъйини нафақа ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коҳиш додани ҷойҳои холии корӣ, зиёд намудани маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар заминаи сарфаи маблағҳои буҷети давлатӣ нигаронида шудааст.
Дар натиҷаи тағйирот аз ин пас аз мақомоти прокуратура ва суд ба нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ танҳо кормандони мақомоти прокуратура ва судяҳои суди ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.
Аз рӯи тағйироту иловаҳо минбаъд хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сурати доштани собиқаи хизматии 25 сола ва зиёда аз он ҳуқуқи баромадан ба нафақаро пайдо мекунанд.
Ба онҳо мутаносибан 65% ва барои ҳар як соли иловагӣ 3% аз музди меҳнат илова шуда, то андозаи ниҳоии 80%-и музди меҳнат нафақа таъйин мешавад.

 

 

Декабрь 18, 2015 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад