Муҳаммад Алӣ: дар ислом чизе нест, ки ба қатли одамони бегуноҳ дар Париж ё Сан Бернардиниё ва ё ҷои дигар даъват карда бошад

Декабрь 10, 2015 08:33

Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Қаҳрамони ҷаҳонӣ оид ба бокс Муҳаммад Алӣ Клой изҳороти номзад ба президенти Амрико Доналд Тромпро дар хусуси манъи вуруди мусалмонон ба Амрико маҳкум  намуд.
Вай таъкид намуд, ки дар ислом чизе нест, ки ба қатли одамони бегуноҳ дар Париж ё Сан Бернардиниё  ва ё ҷои дигар дар саросари дунё даъват карда бошад.
Муҳаммад Алӣ меафзояд, ки  мусалмонон медонанд хушунат бар зидди аркони исломи ҳақиқӣ аст. Ў аз мусалмонон даъват намуд, ки исломро барои ҳадафҳои шахсии худ истифода набаранд.
Муҳаммад Алӣ, ки аз соли 1981 аз риштаи варзиш канораҷўӣ кардааст мегўяд, роҳбарони сиёсии Амрико бояд мансабҳояшонро дар саҳмгузорӣ барои  расидан ба фаҳми дурусти ислом истифода  баранд ва тавзеҳ намоянд,  ки он гумроҳони қотил дарки  саҳеҳи исломро ба мардум нафаҳмонидаанд.
Мавриди  зикр аст, ки Доналд Тромп рўзи душанбе дар як изҳороти худ даъват намуд, ки вуруди мусалмонон ба Амрико комилан манъ карда шавад, ки ба интиқоди шадиди  созмонҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла Кохи Сафед, Созмони ИССЕСКО, Созмони исломии тарбия, илм  ва фарҳанги Амрико мувоҷеҳ гардид.

 

Декабрь 10, 2015 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст