Муҳимтарин хабарҳои соли 2015, ки ҷаҳонро такон доданд

Декабрь 30, 2015 09:25

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳар соле, ки мегузарад, дар ҳаёти мо бо падида ва зуҳуроти мусбат ва манфии худ нақше боқӣ мегузорад. Соли 2015 низ, ки моро то чанд рӯзи дигар тарк мекунад, дорои ҳаводис ва таҳаввулоти зиёдест. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин сол шоҳиди ҳодисаҳое гардид, ки аз хотирот то ҳаёт ҳаст, фаромӯш нахоҳанд шуд. Ҳаводисе, ки аз дидану шунидани он инсоният дар ҳайрат мемонад, асабонӣ мешавад, нафраташ нисбат ба афроди даҳшатафкан бештар мегардад. Бовараш намеояд, ки бархе аз одамони аз таълиму тарбия дурмондаву дарси инсоният наомӯхта нисбат ба дигарон аз шеваи зӯрӣ ва бераҳмӣ истифода мекунанд ва ба қатлу куштор, ғорату харобкорӣ, сӯзонидану ба дарё андохтани ҳазорон нафари бегуноҳ даст мезананд. Духтарону занонро мавриди азияту озори ҷинсӣ қарор медиҳанд. Ҳодисаҳое, ки дар соли 2015 дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон иттифоқ афтоданд, раванди муносиботи одамонро нисбат ба якдигар тағйир доданд. Ҳатто баъзе аз кишварҳое, ки то чанд моҳи пеш ҳамдигарро шарики боэътимод ва стратегӣ дар минтақа медонистанд, дар муносиботи онҳо тирагӣ ба вуҷуд омад. Мо дар ин матлаби худ талош мекунем, ки муҳимтарини ин ҳаводисро ба шумо пешниҳод намоем.

 

Ҳамла ба «Шарли Эбдо» оғози рух додани ҳаводис

Танҳо пас аз як ҳафтаи таҷлил аз соли 2015 дар шаҳри Париж- пойтахти Фаронса ҳодисае ба амал омад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро маҳкум кард. Дар таърихи 7 январи ҳамин сол афроди ношиносе ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, ки дар натиҷа 12 корманди ин маҷалла, аз ҷумла сардабири он Стефан Шарбонне ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар захмӣ шуданд. Сабаби асосии ин ҳамла ҳаҷв кардани Паёмбари Ислом арзёбӣ шуда буд. Масъулияти ҳамла ба идораи мазкурро гурӯҳи террористии Ал-Қоида бар уҳда гирифт.

Баъдан шахсияти ҳамлакунандагон низ мушаххас гардид, ки онҳо бародарон Саид ва Шариф Куашӣ будаанд. Ҳар дуи онҳо дар таърихи 9 январ дар натиҷаи амалиёти вижаи кормандони мақомоти қудратии Фаронса маҳв карда шуданд.

Ҳамин тавр, моҳи январ гарчанде баъзе аз таҳаввулоте ҳам дар дигар гӯшаву канори сайёраи Замин дошт, вале хабарсозтарин ҳодиса он замон ҳамлаи мусаллаҳона ба идораи маҷаллаи «Шарли Эбдо» ба шумор мерафт.

 

Имзои Созишномаи нормандӣ дар Минск

Дар моҳи феврал мулоқоти чоргонаи Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Украина Петр Порошенко, Президенти Фаронса Франсуа Олланд, Конслери Олмон Ангела Меркел ва вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо дар шаҳри Мински Беларус баргузор гардид. Дар ин мулоқот, ки 11-12 – уми феврал доир шуда, 17 соат идома ёфт, вазъияти Украина мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар интиҳои он Баёнияи чоргонаи нормандӣ дар мавриди Донбасс ва тартиби риояи созишномаи Минск ба имзо расид. Дар робита ба масъалаи мазкур ҳаминро бояд таъкид кард, ки мулоқоти Минск ва тасвиби Созишнома дар аввал ҳам барои ҷониби Украина ва ҳам барои ҷудоихоҳони Донбасс як идда сабукӣ овард, вале баъдҳо ҳар ду ҷониб ҳамдигарро барои нақзи ин созишнома айбдор мекарданд. Муносиботи Русия ва Украина дар пайи нооромиҳо дар Киев, бахусус пас аз баромадани Қрим аз ҳайати Украина ва ворид шуданаш ба ҳайати Русия ба таври бесобиқа тира гардид. Миёни ин кишварҳо тақрибан ҳамкорӣ вуҷуд надорад. Ҳукуматдорони Украина ҳоло вазъияти кишварашонро муътадил ва ором арзёбӣ мекунанд. Коршиносон ҳалли мушкили Украина ва нарм шудани муносиботи он бо Русияро дар ояндаи наздик аз эҳтимол дур медонанд.

Пайи пойи ДОИШ дар ҳамлаҳои террористӣ

 

Дар Тунис рӯзи 18 – уми март ҳодисае иттифоқ афтод, ки чанд рӯзи дигар сари забонҳо буд. Ин анҷоми як ҳамлаи террористии гурӯҳи ДОИШ ба осорхонаи миллии мавсум ба Бордои ин кишвар буд, ки дар натиҷаи он 23 нафар, аз ҷумла 20 нафар сайёҳ, як пулис ва ду нафар ҳамлакунанда ба ҳалокат расиданд. Нафарони ҳалокшуда шаҳрвандони кишварҳои Япония, Италия, Колумбия, Испания ва Русия буданд.

Ҳамлаи террористие, ки аз ҷониби фидоиёни гурӯҳи ДОИШ дар ду масҷиди шаҳри Санъои Яман дар таърихи 20 – уми март рух дод, боиси эҷоди тарсу ҳарос дар миёни аҳолии ин кишвар ва дигар ҷумҳуриҳо гардид. Аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ дар бадани худ маводи таркандаро насб карда, дар миёни издиҳоми намозгузорон худро мунфаҷир карданд, ки дар натиҷа 137 нафар ба ҳалокат расида, 357 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ин гурӯҳи террористӣ бо ҷалби ҷавонони ноогоҳ ва бехабар аз асли шариати исломӣ дар гӯшаву канори дунё ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.

Тасаввур кунед, ки гурӯҳҳои террористӣ худро ҳомиёни дини мубини Ислом медонанду аз номи ин дини пок сухан мегӯянд, вале ба қатлу куштори мардуми мусалмон ва ғорат кардани молу сарват ва дороии онҳо даст мезананд. Бар замми ин, занону духтаронро иҷборан ва бо роҳи дуздӣ ба сафҳои худ шомил мекунанд ва онҳоро ба нафъи худ истифода менамоянд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ як чеҳраи хашин ва манфурро мебинад, ки ҳадафи асосии онҳо танҳо тахрибу қатлу ғорат ва эҷоди тарсу ҳарос дар миёни аҳолии сайёраи Замин мебошад. Бештари муҳимтарин ҳаводиси сол ба ҳамлаҳои террористии гурӯҳҳои ДОИШ, Толибон ва дигар дастаҳои силоҳбадаст марбут дониста мешаванд, ки барои зиндагии одамон ва кишварҳо хатари ҷиддӣ арзёбӣ мегарданд.

Моҳи март дар баробари дигар таҳаввулот бо суқути ҳавопаймои мусофирбари А320 дар ҷануби Фаронса, ки боиси ба ҳалокат расидани ҳамаи 150 нафар мусофирони он гардид, дар саҳифаҳои таърих сабт гардид. Баъзе аз ҳаводисе, ки дар гӯшаву канори дунё ба вуқӯъ пайвастанд, сарфи назар аз доштани қурбонии зиёд чандон хабарсоз набуданд ва расонаҳо танҳо дар рӯзи иттифоқ афтодани он ва паёмадҳояш хабару гузориш нашр карданду тамом. Масалан, ғарқ шудани киштие бо номи «Далний Восток»-и Русия дар 300 километр дуртар аз Магадан, ки 132 мусофир дошт, дар натиҷаи ин ҳодиса 62 нафар ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар бе ному нишон шуданд. Ё ҳамлаи гурӯҳи силоҳбадасти АШ-Шабаб ба Донишгоҳи шаҳри Гариссаи Кения, ки боиси ба ҳалокат расидани 148 нафар гардид. Ғарқ шудани киштии мусофирбари ҳомили муҳоҷирон аз Либия ба самти Италия дар баҳри Миёназамин, ки аз 550 мусофири он 400 нафарашон ба ҳалокат расиданд ва бештари онҳо кӯдакон буданд.

 

Мувофиқатномаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои 5+1

 

Дар қатори дигар таҳаввулоти муҳими соли 2015 метавон тавофуқномаи байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои 5 бар иловаи якро ном бурд, ки барои Теҳрон муҳимтарин рӯйдоди сол ба шумор меравад. Ҷомеи ҷаҳонӣ дар пайи санҷишҳо ва баррасиҳои дарозмуддат ниҳоят ба хулосае омад, ки бояд бо Эрон тавофуқи ҳастаӣ ба имзо бирасад. Ин тавофуқнома роҳро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои барқарории ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва ҳатто Амрико ҳамвор созад.

 

Афзоиши таркишҳо ва сели муҳоҷират ба Аврупо

 

Дар таърихи 20 июл ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Суручии Туркия ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он 32 нафар ба ҳалокат расида, 104 нафари дигар захмӣ шуданд. Таркишҳои мушобеҳи террористӣ дар Ироқ, Покистон ва Афғонистон шумораи зиёди кушташудагону захмиёнро бар ҷой гузоштанд. Аз ҷумла, рӯзи 13 август дар натиҷаи таркише дар бозори марказии шаҳри Бағдоди Ироқ 80 нафар аз аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, 200 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳодисаи дигаре, ки наметавон аз он сарфи назар кард, ин сарозер шудани сели муҳоҷирон аз кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, шимоли Африқо ва дигар ҷумҳуриҳои ноамн ба Иттиҳоди Аврупо буд. Гарчаде кишварҳои ин иттиҳод омодагии комили худро барои пазируфтани ин муҳоҷирон эълон карда буданд, вале бинобар сабаби зиёд будани шумораи ин паноҳандагон кишварҳои аъзои ин иттиҳод аз пазируфтани онҳо даст кашиданд. Ҳатто бархе аз ин кишварҳо марзҳои худро саддгузорӣ намуда, аз ворид шудани паноҳандагон ба кишварҳои худ ҷилавгирӣ карданд. Барои давлатмардони кишварҳои пазиранда ҳеҷ фарқ надошт, ки ин муҳоҷирон бо кадом заҳмату талош ва паси сар кардани хатарҳое худро ба ин кишварҳо расонидаанд. Ҳатто бештари онҳо, ки ба воситаи киштиҳо ва аз тариқи баҳр ба макони амн қасди сафар доштанд, дар натиҷаи ғарқ шудани киштиҳо наздикону пайвандони хешро аз даст додаанд. Ин ҳодисаест, ки то дер боз дар хотираи башарият нақш хоҳад баст. Коршиносони масоили сиёсӣ ин ҳодисаро барои башарият фоҷиаи бузург маънидод карда, сабаби ба муҳоҷират рӯ овардани сокинони кишварҳои мазкур дахолати мустақими ғарб ба умури давлатдории кишварҳои онҳо маънидод кардаанд.

11 сентябр дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ дар натиҷаи сарозер шудани крани сохтмонӣ дар Масҷид-ул-Ҳарам 107 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 120 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар робита ба авҷ гирифтани ҳамлаҳои террористии гурӯҳи ДОИШ ва пайравони он дар як қатор кишварҳои ғарбӣ ва осиёӣ сарони кишварҳои гурӯҳи G-20 ё ба истилоҳ «Бистгонаи бузург» дар шаҳри Анталияи Туркия гирди ҳам омада, ҳамдастии худро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, хусусан гурӯҳи террористии ДОИШ эълом карданд. Ин дар ҳолест, ки ҷанг дар Сурия ва мубориза бар зидди ДОИШ дар ин кишвар ҳанӯз идома дорад. Коршиносон иллати аслии идома ёфтани ин ҷангро ба он рабт медиҳанд, ки мутаассифона, кишварҳои эътилоф дар минтақа дунболи ҳадафҳо ва манофеи худ ҳастанд.

 

Мавқеи ДОИШ дар Сурия танг мешавад

 

Таҳаввули дигар ва муҳими соли 2015 ҳамлаи зиддитеррористии Русия дар Сурия бар зидди ДОИШ буд, ки дар 30 сентябр ба вуқӯъ пайваст. То имрӯз ҳавопаймоҳои низомӣ ва зарбазану бомбафкани ин кишвар ҳазорон мавқеъҳои террористиро дар Сурия мавриди ҳамла қарор дода, садҳо нафар аз аъзои ин гурӯҳро ба ҳалокат расонидаанд. Аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ ба ин ҳамлаҳои Русия тоб наоварда, рӯз то рӯз заиф мегарданд ва ба кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Ироқ ва Афғонистон паноҳ мебаранд. Артиши Сурия низ дар пайи ин ҳамлаҳо мавқеи худро барои тақвияти мубориза бар зидди ин гурӯҳи террористӣ устувор намуда, аз пешрафтҳояш мужда медиҳад.

10 октябр дар шаҳри Анқараи Туркия ҳамлаи террористӣ рух дод, ки дар асари он 102 нафар ба ҳалокат расида, 246 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин шаҳр ду инфиҷор тавассути террористи фидоӣ амалӣ карда шуд. Ин даҳшатбортарин ҳодисаи террористӣ дар Туркия дар соли 2015 дониста шудааст. Дар ин кишвар ба муддати се рӯз мотами умумӣ эълон карда шуд. Ҳатто Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон сафари аз қабл эълоншудаи худ ба Туркманистонро ба таъвиқ андохт.

 

Ҳодисаҳои табиӣ низ чанг ба ҷони одамон мезананд

 

Дар баробари ҳамлаҳои террористӣ, ҳамчунин ҳодисаҳои табиӣ низ боиси ба ҳалокат расидани одамон дар гӯшаву канори дунё гардидаанд. Аз ҷумла, дар таърихи 26 октябр дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Афғонистон ва Покистон, ки қувваи он ба 7,5 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд, теъдоди зиёди шаҳрвандони ин кишварҳо ба ҳалокат расиданд. Дар Афғонистон шумораи қурбониёни ин заминларза ба 33 нафар ва ҷароҳатбардоштагон тақрибан ба 200 нафар, дар Покистон теъдоди кушташудагони ин ҳодиса ба 228 нафар ва захмиён ба ҳазор нафар расид.

 

Чанд ҳодисаи муҳими дигар, ки дар соли 2015 рух додаанд

 

Суқути ҳавопаймои мусофирбари Айробус 321-и ширкати ҳавопаймоии «Когалимавиа»-и Русияро, ки аз самти нимҷазираи Синайи Ҷумҳурии Мисри Араб ба шаҳри Санкт-Петербург дар ҳоли парвоз буд, дар қатори муҳимтарин ҳодисаҳои соли 2015 шомил кардан мумкин аст. Дар натиҷаи ин ҳодиса, ки дар таърихи 31 октябр иттифоқ афтод, ҳамаи 224 нафар мусофир ва сарнишинони он ба ҳалокат расиданд. Баъдҳо маълум гардид, ки ин ҳодиса ҳамлаи террористӣ будааст. Масъулияти онро гурӯҳи террористии ДОИШ бар уҳда гирифт.

Ин дар ҳолест, ки дар таърихи 12 ноябр дар музофоти шианишини Бейрут ҳамлаи террористӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 43 нафар ҷон бохта, 239 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин, 13 ноябр таркише, ки дар шаҳри Парижи Фаронса рух дод, дар афкори ҷомеа бори дигар чеҳраи хашини гурӯҳи террористии ДОИШ-ро возеҳ сохт. Дар асари ин ҳамлаи террористӣ 130 нафар ба ҳалокат расида, 351 нафари дигар захм бардоштанд. Ин ҳодисаҳо боис гардид, ки мавқеи кишварҳои ғарб дар масъалаи муборизаи ҷиддӣ бо терроризм, хусусан гурӯҳи террористии ДОИШ тағйир хӯрад. Дар робита ба ин ҳодиса Президенти Фаронса Франсуа Олланд ба Амрико ва Русия сафар карда, бо ҳамтоёни худ мавзӯи тақвияти муқобила бо ин гурӯҳро баррасӣ намуд.

Муҳимтарин ҳодисаи соли 2015- ин зада афтонидани ҳавопаймои бомбаафкани СУ24-и Русия аз тарафи Туркия дар марзи ин кишвар бо Сурия ба шумор меравад. Ин ҳодиса ба ҳадде хабарсоз гардид, ки ҳатто ба комилан тира шудани муносиботи Русия ва Туркия – ду шарики асосӣ ва стратегии минтақа боис гардид. Ин сабаб шуд, ки Маскав робитаҳои худро бо Анқара тақрибан дар ҳамаи заминаҳо қатъ кард. Дигар маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот ва дигар маҳсулот аз Туркия ба Русия ворид намешаванд, сайёҳони Русия дигар барои тафреҳ ва истироҳат ба Туркия сафар намекунанд, дигар дар Русия шаҳрвандони Туркия ҳуқуқи фаъолиятро надоранд ва корфармоёни Русия дигар шаҳрвандони Туркияро ба кор фаро намегиранд.

Вақте дар бораи муҳимтарин ҳаводиси соли 2015 ибрози назар мекунем, наметавон аз таҳаввулоти кишвари ҳамсояи худ – Афғонистон сарфи назар намоем. Дар ин кишвар гурӯҳҳои террористии Толибон, ДОИШ, боқимондаҳои Ал-Қоида ва даҳҳо гурӯҳҳои силоҳбадасти дигари қавмиву нажодӣ фаъол ҳастанд. Тақрибан рӯзе нест, ки дар минтақаҳои гуногуни ин кишвари ҳамсоя ҳамлаҳои террористӣ сурат нагиранд. Амалиёти тахрибкорона ва террористии гурӯҳи Толибон барои аҳолии ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкили сарбастаеро мемонад, ки дар ҳалли он оҷизии мақомоти расмии Афғонистон, кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ба таври ҷиддӣ эҳсос мешавад.

Умуман, шумора ва мавридҳои иттифоқ афтодани ҳаводис ва таҳаввулот дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 нисбатан зиёд буданд.

Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар соли 2015 шоҳиди баъзе аз ҳодисаҳое гардид, ки дар саҳифаҳои таърих ва хотироти шоҳидони он нақш хоҳад баст. Ин ҷо мо танҳо бо овардани як ҳодиса — ҳамлаи террористии гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, мулаққаб ба «Ҳоҷӣ Ҳалим» дар таърихи 4 сентябр, ки дар натиҷаи он шахсони бегуноҳ ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, иктифо мекунем. Саркардагон ва аъзои ин гурӯҳ, ки дар сар андешаҳои нопок доштанд, натавонистанд ба он ноил гарданд. Дар ин замина аз ҳамкории шаҳрвандони кишвар бо мақомоти қудратӣ дар заминаи аз байн бурдани аъзо ва боқимондаҳои ин гурӯҳи ошӯбгар ёдовар шудан ба маврид аст. Билохира, саркардагони ин гурӯҳ ҳамроҳ бо ҳамаи пайравон ва аъзои худ тавассути мақомоти қудратии Тоҷикистон аз байн бурда шуданд.

Ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ва ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои гуногуни сайёраи Замин гувоҳи онанд, ки ин гурӯҳҳо дар ҳар кишваре пайравону тарафдорони хешро доранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин афроди худ истифода менамоянд. Мутаассифона, бархе аз ҷавонони ноогоҳ, камсаводу дур аз донишҳои илмҳои исломӣ ва ҳаваспарастону ҷоҳталабон тавассути пешниҳоди ваъдаҳои хушку холии аъзои гурӯҳҳои террористӣ ба сафи чунин дастаҳои ифротгарову даҳшатафкан шомил мешаванд ва ба сари бародарону хоҳарон ва ҳатто падару модарони худ теғ мекашанд. Онҳо ба таълиму тарбияи равияҳои ғалату ифротии хоҷагони хеш дода мешаванд ва даст ба куштори афроди бегуноҳ зада, монеи таълиму омӯзиши духтарону бонувон мегарданд. Амалҳое, ки дар сартосари дунё аз сӯи пайравони ин гурӯҳҳо сурат мегиранд, бояд ҳар як фарди ҷомеаро ба андеша водор намоянд. Дар сурате, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барҷастатарин олимону донишмандони ҷаҳони ислом фаъолияти ин гурӯҳҳоро маҳкум мекунанд, пас маълум мегардад, ки ҳадафи ин афрод танҳо аз байн бурдани башарият ва пойдор намудани зулму ситам дар рӯи Замин аст. Аз байн бурдани ин гурӯҳҳои террористӣ танҳо кори мақомоти қудратӣ набуда, бояд ҳамаи сокинони кишварҳои дунё бо ин зуҳуроти нопок, ки номаш терроризм аст, муборизаи беамон баранд ва дар баробари ин, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни ҷавононро низ тақвият бахшанд.

Декабрь 30, 2015 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВОЛОНТЁРИ СОЛ-2024». Бо мақсади рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Душанбе озмун баргузор мегардад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсия барои шакл гирифтани ҷомеаи шаҳрвандӣ асоси устувор гузоштааст
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад
Вобаста ба татбиқи гранти президентӣ дар минтақаи Рашт санҷиш гузаронида шуд
ҶАШНИ МЕҲРГОН-СУННАТИ АҶДОДӢ. Андешаҳои президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода дар ин мавзуъ
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи энергетика доир гардид
Оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ҳамоиш доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Моҳи ноябр Саммит оид ба баррасии бемориҳои саратон тариқи онлайн баргузор мегардад
Дар Хатлон созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми олимони аъзои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Саҳми Абунасри Форобӣ дар илм ва тамаддуни ҷаҳон» баргузор шуд