Муҳокимаи худкушӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Зафаробод
Душанбье, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар). — «Ҳолати истифодаи замин дар соли 2014 ва 10 моҳи соли 2015 оид ба истифодаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ аз тарафи шаҳрвандон» ва «Ҳодисаҳои худкушӣ дар соли 2015 ва роҳҳои пешгирии он» дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти раёсати прокурори ноҳия Абдураҳмонзода Мирзошоҳ Сафаралӣ дар ноҳияи Зафаробод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба масъалаи якум ёрдамчии калони прокурори ноҳия Фурқат Абдуқаюмзода ва вобаста ба масъалаи дуюм муфаттиши прокуратура Исмоил Усмонзода сухан гуфта, аз рӯи масъалаҳои мазкур шахсони масъул фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Мутасаддиён бори дигар вазифадор гардиданд, ки оид ба истифодаи оқилонаи замин, аз гардиши кишоварзӣ берун намондани он, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла худкушӣ тадбирҳои муассир андешанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






