Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ дар бахши об

Декабрь 17, 2015 05:06

Қӯрғонтеппа, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ҷараёни  мулоқоти раиси  вилояти  Хатлон  Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода бо  роҳбари  намояндагии  Агентии  ҳамкории  байналмилалии Ҷопон (JIGA) дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишии  Киёши  масоили  татбиқи  лоиҳаҳои  муштарак   дар  ноҳияҳои  вилояти  Хатлон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. Ҷонибҳо  аз  ҷараёни   кори  муштарак  дар  доираи  лоиҳаҳои  оид ба  таъмини  аҳолӣ бо  об ва  лоиҳаҳои  бахши  тиб  изҳори  қаноатмандӣ  карданд. 
Зимни  мулоқот ҳамчунин  масъалаи  таҳияи  лоиҳаҳо дар  мавриди  навсозии  муассисаҳои бачагонаи   тиббӣ,  таҷдиди  лӯлаҳои  об  дар  ноҳияҳои  дурдасти  вилоят,  сохтмони   корхонаи асфалт дар минтақаи  Кӯлоби  вилояти  Хатлон муҳокима  шуд.
Ёдовар  мешавем, ки дар ибтидои  моҳи  октябри  соли  2014  дар  ноҳияи  Ҷиликӯл бо  иштироки  Президенти  кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  корхонаи  асфалт   расман  мавриди  истифода  қарор  гирифта  буд.  Корхонаи  мазкур  бо  ёрии  молиявии  ҳукумати  Ҷопон  дар  муддати  кӯтоҳтарин  сохта  шуд. Барои эъмори   корхона,  ки  масоҳати он 4 гектарро  ташкил  медиҳад, 41  миллион  сомон сарф  гардид. 

Декабрь 17, 2015 05:06

Хабарҳои дигари ин бахш