Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ дар бахши об
Қӯрғонтеппа, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷараёни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JIGA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишии Киёши масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз ҷараёни кори муштарак дар доираи лоиҳаҳои оид ба таъмини аҳолӣ бо об ва лоиҳаҳои бахши тиб изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳияи лоиҳаҳо дар мавриди навсозии муассисаҳои бачагонаи тиббӣ, таҷдиди лӯлаҳои об дар ноҳияҳои дурдасти вилоят, сохтмони корхонаи асфалт дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон муҳокима шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ибтидои моҳи октябри соли 2014 дар ноҳияи Ҷиликӯл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи асфалт расман мавриди истифода қарор гирифта буд. Корхонаи мазкур бо ёрии молиявии ҳукумати Ҷопон дар муддати кӯтоҳтарин сохта шуд. Барои эъмори корхона, ки масоҳати он 4 гектарро ташкил медиҳад, 41 миллион сомон сарф гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






