Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Александр Зуев

Декабрь 11, 2015 11:32

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз, 11-уми декабр Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот намуд.
Неъматулло Ҳикматуллозода аз густариши ҳамкории самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти бонуфузи СММ, аз ҷумла, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамоҳангсози СММ, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Александр Зуев афзуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи баланд, бешак барои самаранок ва сари вақт амалӣ гардонидани лоиҳаҳои муштарак мусоидати фаъол хоҳанд кард.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкори судманд намуданд. 

 

Декабрь 11, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд