Мулоқоти раиси ноҳияи Мастчоҳ бо донишҷӯён
Хуҷанд, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар театри мазҳака- мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд мулоқоти раиси ноҳияи Мастчоҳ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов бо донишҷуён баргузор гардид. Зимни мулоқоти хеш раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бо донишҷӯён аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлоли шароити таълиму таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ боло бардошта шуда, дар маҷмӯъ ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи бештар равона шудааст. Ҷавонон дар ҷавоб ба чунин ғамхорӣ бояд донишҳои заруриро аз бар намуда, дар оянда мутахассиси хуб ба воя расанд ва ба халқу миллати худ хидмати арзанда намоянд.
Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани мулоқоти раисони шаҳру навоҳӣ бо донишҷӯён- ин пеш аз ҳама, расидагӣ ба мушкилот ва ҳалли масъалаҳои донишҷуён мебошад. Ҳоло беш аз 1200 донишҷӯ аз ноҳияи Мастчоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии маркази вилояти Суғд машғули донишандӯзӣ мебошанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






