Мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилояти Суғд бо хонандагони шаҳри Исфара

Декабрь 2, 2015 05:51

Суғд, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар») -Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара  бо иштироки муовини раиси вилоят Назира Fаффорӣ, роҳбарияти шаҳри Исфара ва сарварони як зумра донишгоҳҳои олии вилоят мулоқот баргузор гардид. Мақсаду мароми чунин вохӯриҳо- ин ҷалби бештари муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳиву ватанпарварӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва технологияҳои замони муосир аз ҷониби духтарону писарон мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ сарварони мактабҳои олӣ оид ба раванди таҳсил дар макотиби олӣ, имтиёз ва бартариҳо, дар оянда таъмин шудан бо ҷойи кори доимӣ ва мутахассисони баландпоя шудан изҳори назар намуданд
Боиси зикр аст, ки ин аввалин мулоқоти якҷояи ректорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов,  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯрабоев, директорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Сангинова, Донишкадаи иқтисод ва савдо дар назди Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Иномҷон Аминов ва ректори Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилов дар шаҳру деҳоти Исфара мебошад.

 

Декабрь 2, 2015 05:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд