Мулоқоти Т. Каримзода бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Санкт — Петербург
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода бо директори Маркази машваратӣ ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Суҳроб Тошев ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Мирзозода 16 декабр дар бозори марказии шаҳри Санкт — Петербург бо 300 муҳоҷири меҳнатӣ вохӯрӣ намуданд.
Дар мулоқот инчунин 200 нафар аъзои ташкилоти ҷамъиятии муқими Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, аз ҷумла, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Сомониён» — Аҳтам Маҳмудов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Аҷам» — Мурод Усмонов ва раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ватан» — Бахтибек Бердиев иштирок намуданд.
Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо дарки муҳимияти кумак ва дастгирии ҳамватанон байни якдигар амал намуда, бисёр корҳои вобаста ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатиро дар якҷоягӣ ҳал менамоянд. Аз ин ҷост, ки ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар «Хонаи миллатҳо» — и шаҳри Санкт — Петербург шӯрои ҳамоҳангсозӣ ташкил карда, чорабиниҳо ташкил мекунанд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Сомониён», «Аҷам» ва «Ватан» ҳамчунин аъзои Шӯрои ҷамъиятии Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Санкт — Петербург ва вилояти Ленинград буда, ҳамеша бо роҳбари он — Елена Дунаева ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд.
Барои бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, саҳми ташкилотҳои ҷамъиятии «Сомониён», ки бештар бо сохтмон машғул аст, хеле калон мебошад. Ташкилоти мазкур зиёда аз 200 муҳоҷири меҳнатии тоҷикро бо ҷои кор таъмин намуда, дар қонунӣ гардонидани будубош ва ҳуҷҷатнигории онҳо кумак мерсонад. Ҳамчунин муҳоҷирзанонро бо ҷои кор ва шароити хуб таъмин намуда, маоши онҳоро аз 30 ҳазор то 70 ҳазор рубли русӣ муқаррар кардааст.
Зимни вохурӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ сардори Хадамоти муҳоҷират доир ба ҳолати будубош, шароити корӣ, мушкилоти муҳоҷират пурсон шуд. Ҳамзамон сардори Хадамот ба муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба риоя кардани қонунгузориҳои Федератсияи Русия, сари вақт омода кардани ҳуҷҷатҳо, муроҷиат намудан ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат ва ҷамъиятҳои тоҷикон, омўзиши касбӣ, донистани забони русӣ ва пеш аз ҳама, нишон додани маърифати баланди миллии тоҷикӣ ҳамчун намояндагони мардуми тоҷик маслиҳатҳои муфид дод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






