Мулоқоти вазири маориф ва илм бо сафири Ҳиндустон
Душанбе, 23.12.2015. (АМИТ “Ховар”).- 21 декабр вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бираҷа Прасад доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, зимни нишаст зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи лоиҳаи «Барномаи табодул байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз соли 2012» ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустон-Тоҷикистон» аз соли 2010 ба роҳ монда шудааст.
Дар асоси Барномаи омӯзишии ҳамкории техникиву иқтисодии Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба мубодила дар соҳаи маориф (ITEC) ҳамасола барои омӯзиши забони англисӣ ва дигар ихтисосҳои техникиву иқтисодӣ барои муҳаққиқон, аспирантҳо, коромӯзон ва омӯзгорон бурсияи таҳсилӣ ҷудо мегардад.
Нуриддин Саид иброз дошт, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 140 шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил менамояд. Барои таъмини муассисаҳои шакли нав бо омӯзгорони донандаи забони англисӣ аз фанҳои дақиқ зарур аст, ки аз Ҷумҳурии Ҳиндустон теъдоди муайяни омӯзгорон даъват шавад,-гуфт Нуриддин Саид. Инчунин Вазорати маориф ва илм метавонад дар ҳамкорӣ бо сафорат табодули бештари донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, баргузории конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва анҷом додани тадқиқоти муштараки илмиро ба роҳ монад.
Дар навбати худ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷа Прасад зикр кард, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон омодааст дар соҳаи маориф ва илм бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои вусъати ҳамкорӣ тадбир андешида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






