Муомилоти ғайриқонунии моеъи симоб

Декабрь 9, 2015 06:05

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар) — 8 декабри соли равон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 33-солаи шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир карданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ моддаи моеъи симоб, ки вазнаш 13,8 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира  шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш  давом дорад. 

Декабрь 9, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш