Муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон баробари 19,2% коҳиш ёфт

Декабрь 1, 2015 05:05

Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи  10  моҳи  соли  равон муомилоти савдои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  3  миллиарду 523  миллиону  100  ҳазор  доллари  ИМА — ро ташкил  дод, ки  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2014 баробари 836  миллиону 600  ҳазор   доллари  ИМА ё  баробари 19,2 фоиз  камтар  аст. 
Мувофиқи  маълумоти  Агентии   омори назди Президенти  ҶТ,  дар  ҳамин  давра Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо  87   кишвари  ҷаҳон, аз ҷумла бо 10  кишвари  ИДМ ва 77 кишвари  хориҷи  дур  муносибатҳои тиҷоратӣ  дошт. 1  миллиарду 717 миллиону  500  ҳазор  доллари  ИМА ё 48,7  фоизи муомилоти  савдои  хориҷӣ  ба кишварҳои ИДМ   ва 1  миллиарду  805  миллиону 600  ҳазор  доллари  ИМА ё  51,3 фоизи  он ба кишварҳои  хориҷи  дур  рост  меояд.

Декабрь 1, 2015 05:05

Хабарҳои дигари ин бахш