Муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон баробари 19,2% коҳиш ёфт
Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи 10 моҳи соли равон муомилоти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиарду 523 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 баробари 836 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА ё баробари 19,2 фоиз камтар аст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар ҳамин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 87 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ ва 77 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. 1 миллиарду 717 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА ё 48,7 фоизи муомилоти савдои хориҷӣ ба кишварҳои ИДМ ва 1 миллиарду 805 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА ё 51,3 фоизи он ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






