Мувофиқаи Чину Тоҷикистон дар мавриди таҷҳизоти бахши пулис
Душанбе, 21.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии ҶМЧ дар бораи таъминот бо таҷҳизоти мавриди зарурати пулис дар ҳошияи расонидани ёрии маҷҷонӣ ба Тоҷикистон мувофиқа намуданд. Ҳуҷҷати дахлдорро аз рӯи натиҷаи гуфтушунид вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва сафири ҶМЧ дар Тоҷикистон Юе Бин имзо намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар мубориза бо ситезаҷӯиҳои имрӯза, аз қабили терроризм, ифротталабӣ ва сепаратизмро мавриди муҳокима қарор доданд.
Зикр шуд, ки ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар ду кишвар дар асоси шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба сол аз сол рушд ёфта, ба муборизаи зидди хавфу хатар ва ситезаҷӯиҳои ҷаҳонии имрӯза ба таври судманд ёрӣ мерасонад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






