Музди меҳнати муҳоҷирзанон пардохт гардид

Декабрь 4, 2015 06:47

     Душанбе, 04.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Русия  Шарифамоҳ Ризоеваи  48-сола, ки  сокини шаҳри Душанбе мебошад, аввали моҳи  ноябри соли  равон ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия   оид ба напардохтани музди маошаш аз ҷониби корфармо  муроҷиат намуд. Пас аз муроҷиати расмии намояндагӣ ва гузаронидани гуфтушунид бо роҳбарияти ширкати истеҳсолӣ оид ба масъалаи уҳдадориҳои тарафҳо дар асоси Кодекси меҳнати Федератсияи Русия  29 ноябри соли равон ба Шарифамоҳ Ризоева ва  12  муҳоҷирзани дигар   музди маоши шашмоҳаашон  пурра пардохт гардид. 
             Бо дастгирии намояндагии мазкур инчунин  музди маоши  гурӯҳи занони муҳоҷири тоҷик, ки дар ташкилоти истеҳсолии вилояти Новосибирск фаъолият мекарданд ва ба гуфти роҳбари ширкат  бо сабаби мушкилоти молиявии корхона    музди маоши  моҳонаашонро нагирифта буданд, пурра   пардохт гардид, ки ин маблағ зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор рублро  ташкил медиҳад.

Декабрь 4, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст