«Нақши профессор Азиза Азимова дар рушди санъати рақси касбии тоҷик»-конфронси илмӣ

Декабрь 5, 2015 05:01

Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар толори  консертии  «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-эҷодӣ таҳти унвони «Нақши проофессор  Азиза  Азимова дар рушди санъати рақси касбии тоҷик» бахшида ба 100-солагии ҳаёт ва фаъолияти омӯзгориву эҷодии Ҳунапешаи халқии Тоҷикистон  профессор Азиза Азимова  ҷараён дорад.  Дар конфронси  мазкур дар мавзуъҳои  «Маликаи рақси тоҷик», «Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Азиза Азимова», «Азиза Азимова иштирокчии якумин  Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав», «Нақши Азиза Азимова дар рушди санъати рақси касбии тоҷик»,  «Саҳми Азиза Азимова дар тарбияи мутахассисони баландихтихтисои санъати рақс», «Азиза Азимова асосгузори кафедраи санъати рақси ДДФСТ ба номи М. Турсунзода», «Азиза Азимова и её вклад в развитие балета в Таджикистане»  ва дигар мавзуъҳо  маърӯза мекунанд. Дар поёни конфронс   дар толори консертии донишкада  барномаи фарҳанги  бахшида ба 100-солагии ҳаёт ва фаъолияти омӯзгориву эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  профессор Азиза Азимова баргузор мегардад.

 

Декабрь 5, 2015 05:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд