«Насими Исфара» — шабакаи радиоӣ-интернетии худро фаъол намуд

Декабрь 2, 2015 11:44

Исфара, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзномаи «Насими Исфара» — нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шабакаи радиоӣ-интернетии худро фаъол намуд. Ҳайати эҷодӣ тасмим дорад дар ояндаи наздик дар интернет шабакаи телевизионии худро боз кунад. Ба иттилои масъулин амалисозии ин тасмим барои сокинони шаҳру деҳоти Исфара, муҳоҷирон ва умуман барои ҳамаи истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ, ки нисбат ба ҳаёт ва рӯйдодҳои Исфара бетараф набуда, ташнаи иттилои саривақтӣ мебошанд, интихоби бештарро фароҳам меоварад.

Декабрь 2, 2015 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш