Навбати киштиҳои зериобӣ расид

Декабрь 9, 2015 02:56

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар). -Чанд соат пеш аз киштии зериобии «Ростов дар лаби Дон», мутааллиқ ба неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Федератсияи Русия ба мавқеи ҷойгиршавии пойгоҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳудуди Сурия ракетаҳои болдори навъи «Калибр» сар дода шуданд. Дар бораи ба амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Русия бар зидди терроризми байналмилалӣ ворид шудани киштиҳои зериобӣ ва бори нахуст сар додани ракетаҳои болдори дурпарвоз аз баҳри Миёназамин ба хоки Сурия вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу шахсан ба Владимир Путин ҳисобот дод. 
Хотиррасон мекунем, ки аз моҳи сентябри соли равон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ, ки дар ҳудуди кишварҳои Ироқ ва Сурия мавқеи устувор гирифтаву ҳукмронӣ доштанд, бо амалиёти махсус вориди ҷанг шуданд. Дар ибтидо 50 тайёра ва чархболҳои ҷангӣ ба пойгоҳҳои террористон зарбаҳо зада, сипас 7-уми октябр ва 20-уми ноябр аз киштиҳои ҷангии неруҳои ҳарбӣ-баҳрии Русия аз баҳри Хазар ба ҷониби Сурия 11 ракетаҳ болдор сар дода шуд.  
Умуман дар давоми бештар аз ду моҳи амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва ҳарбӣ-баҳрии Федератсияи Русия ба муқобили гурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ зиёда аз 4 ҳазор маротиба ҳамлаҳо анҷом дода шуданд. Дар ин фурсат аз тарафи Русия як тайёраи Су-24 ва сарнишини он ва як ҷанговари пиёданизоми баҳрӣ ҳамчун талафот ба қайд гирифта шудааст.

 

Декабрь 9, 2015 02:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ