Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия тасдиқ гардид
Душанбе, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди фасод барои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти дорои коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия тасдиқ гардид.
Мақсади низомнома баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди фасод дар кишвар мебошад.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо коррупсия, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва низомномаи мазкур анҷом дода мешавад.
Бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди фасод фаъолияти мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идораи ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрукро барои пешбурди корҳои таҳлилӣ, пешгирӣ, сари вақт ошкор намудану тафтиш кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ҳамоҳанг месозад.
Бо ин мақсадҳо дар назди агентӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода мешавад.
Ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Низомнома аз 9 боб, аз ҷумла муқаррароти умумӣ, самтҳои асосии ҳамоҳангсозии фаъолият, принсип ва мақсадҳои ҳамоҳангсозӣ, вазифаҳои шӯро, раиси шӯро ва ваколатҳои он, аъзои шӯро, ташкили фаъолияти шӯро, котиботи шӯро, ҳамкорӣ бо судҳо ва мақомоти адлия иборат мебошад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






