Оқибати заминларза дар Бадахшон

Декабрь 8, 2015 06:55

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар).-Субҳи имрӯз дар ситоди  амалкунандаи вилояти Бадахшон масъалаи  бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилоят  баррасӣ шуд. Маълум гардид, ки   зиёда  аз сад хонаи истиқоматӣ  дар  ноҳияи Рӯшон ва  Шуғнон  пурра хароб гардида, аз ин миқдор зиёдтар хонаҳо   қисман зарар  дидаанд.  Роҳи сатҳи  маҳаллии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон  аз  маркази ноҳия то кӯли Сарез дар чанд ҷой, аз ҷумла, дар қисмати дарозтарини ин роҳ- дар деҳаи Разудчи ҷамоати деҳоти Савноб  тӯли  1,5 км  зери  кӯҳпораи азим мондааст. Хисороти зиёд дар ҷамоати деҳоти Савноб  ба қайд гирифта шуда, дар деҳаи Нисури ин ҷамоат, ки  аз кӯли Сарез тақрибан  дар 36 км  дурӣ  ҷойгир аст, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва    хонаҳои  истқоматӣ  хароб гардидаанд. Дар ҷамоати Басиди ноҳияи Рӯшон низ теъдоди зиёди хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои саломатӣ, муассисахои таълимӣ, бинои  маъмурии ҷамоат   қисман  хароб гардида,  се нафар  дар ҳолати вазнин қарор доранд. Раиси  ВМКБ Шодихон Ҷамшед бо гурӯҳи  табибон  ба ҷамоати деҳоти Савноб   сафар намуданд. Ҳамчунин  тибқи  супориши  Президенти мамлакат  аз чониби Агентии  захираҳои моддии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бо  чархбол барои  осебдидагон   маводи ниёзи аввалия  ва хаймаҳо  расонида  шуданд. Дар  беморхонаи вилоятӣ барои  осебдидагони заминҷунбӣ, онҳое ки ба  кумаки  тиббӣ ниёз доранд,  шуъбаи алоҳида чудо шудааст. Ҳамчунин дар  ҷамоати Вер ва Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон низ     теъдоди зиёди муассисаҳои давлатӣ  ва хонаҳои истқоматӣ қисман хароб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо супориши Президенти мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим барои бартараф сохтани оқибатҳои заминларзаи шадид дар вилояти Бадахшон комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Ба комиссияи мазкур роҳбарони аввали вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои масъул шомиланд.
Гурӯҳҳои кории  вилоятӣ таҳти  роҳбарии  муовини раиси вилоят  Тоҷиддин Назришоев  ба  ноҳияи  Рӯшон  ва    таҳти роҳбарии  муовини раиси  вилоят Исрор Исроров ба ноҳияи  Шуғнон  сафарбар шуданд.
Дар ҷойи ҳодиса   гурӯҳи кории ҳукумати ноҳия ва вилоят қарор доранд.

Декабрь 8, 2015 06:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд