«Оилаи беҳтарин»-и Панҷакент муайян гардид

Декабрь 1, 2015 06:58

Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба Соли оила дар тарабхонаи «Падар»-и шаҳри Панҷакент озмуни «Оилаи беҳтарин» доир гардид.
Дар озмун оилаи Сироҷевҳо, Бобомуродовҳо ва оилаи Мировҳо аз ҷамоати деҳоти Амондара иштирок намуданд. Иштирокдорони озмун аз рӯи 7 шарт миёни ҳам сабқат намуданд. 
Дар охир ба иштирокдорони озмуни «Оилаи беҳтарин» Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

 

Декабрь 1, 2015 06:58

Хабарҳои дигари ин бахш