Оилаи солим — кафили ҷомеаи солим

Декабрь 10, 2015 08:37

Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Соли оила дар мавзӯи  «Зиндагӣ бидуни зӯроварӣ» мизи мудаввар доир гардид. 
 Ноиби ректор оид ба таълими донишкада Шукрулло Хайров  зикр кард, ки дар фарҳанги миллати тоҷик оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гашта, хислатҳои беҳтарини инсонӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. 
Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино, Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст иштирок доштанд.
Корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова изҳор дошт, ки мушкилии муҳимтарини ҷомеаи мо дар бахши оиладорӣ- ин пошхӯрии он мебошад. Вале бо эълон шудани Соли оила, хушбахтона, омори пошхӯрии оилаҳо  то андозае коҳиш ёфт.  Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки чун  онҳо парчамбардорони ояндаи давлату миллатанд, дар интихоби ҳамсар ба иштибоҳ роҳ надода, оилаҳои солим ва намунавиро бунёд намоянд. 
Сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишкада Мавҷуда Давлатова дар бораи «Психологияи зӯроварӣ дар оила» маърӯза намуда, роҷеъ ба зӯроварӣ, хушунат ва дигар муносибатҳои ношоиста дар ҳаёти оилавӣ, ки аз ҷиҳати психологӣ ба хонавода ва умуман тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд, изҳори андеша кард.

 

 

 

Декабрь 10, 2015 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст