Ҷонибдории панҷакентиҳо аз Пешвои миллат
Душанбе, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқ, даъвати панҷум изҳор дошт, ки соли 2015 барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда аст, зеро дар ин сол Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро қабул намуд, ки онро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард ва он ба имзо расид. Ин рӯйдоди фараҳбахш дар саҳифаҳои таърихи навини кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт.
Қабул гардидани қонуни мазкур натиҷаи эътирофи хизматҳои бузурги Президенти кишварамон- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бостонии Панҷакент, таҷдиди роҳи Айнӣ-Панҷакент, коргоҳҳои коркарди маъдани мису қалъагии Рукнобод ва коргоҳи дуюми коркарди маъдан дар Корхонаи муштараки Зарафшон ва суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси фаъолони шаҳри Панҷакент боиси рӯҳбаландиву сарфарозии мо гардид. Дар маҷлиси фаъолон Сарвари давлат зикр намуд, ки роҳи дар сатҳи байналмиллалӣ таҷдидшудаи Айнӣ- Панҷакент ва бунёди хатти нави баландшиддати 220 кВт, ки сохтмонаш соли оянда оғоз меёбад, туҳфаи Ҳукумати кишвар ба мардуми шаҳри бостонии Панҷакент аст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи кулли мардуми Панҷакенти бостонӣ миннатдории самимиро ба Президенти мамлакат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои кумаку дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои доимиашон ба мардуми Панҷакент мерасонам.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






